Дар Уганда бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар рӯзҳои таҷлили соли нав 26 нафар ҳалок ва 62 тан ҷароҳат бардошт

Январь 4, 2024 10:51

ДУШАНБЕ, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар Уганда аз 30 декабри соли 2023 то 1 январи соли 2024  26 нафар ҳалок ва 62 тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии  «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин  хусус рӯзи чоршанбе котиби равобити ҷамъиятии Сарраёсати нақлиёт ва бехатарии роҳҳои кишвар Майкл Кананура хабар додааст.

Ҳафт мототсиклрон ва чор мусофири онҳо, 13 пиёдагард, як ронанда ва як велосипедрон ҳалок шуданд.

Тибқи маълумоти полис, дар Уганда ҳар сол тақрибан 20 ҳазор садамаи нақлиётӣ сабт мегардад, ки дар натиҷаи онҳо зиёда аз 2 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 4, 2024 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад