Дар вилояти Суғд маросими қадршиносии варзишгарон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чун анъанаи нек маросими қадршиносии варзишгарони вилоят ва мураббиёни онҳо барои дастовардҳо дар соли 2023 баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин мақомот.
Соли 2023 дар ҳудуди вилояти Суғд 74 иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 50 мусобиқаи варзишӣ бо иштироки 6 ҳазор варзишгар, аз ҷумла 780 духтари варзишгар баргузор шуд. Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои якум ва ифтихорӣ мушарраф шуданд.
Аз ҷумла, Комроншоҳи Устопириён дар Гранд при оид ба дзюдо ҷойи якум, Сайфиддин Сайфиддинзода дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо ҷойи сеюм, Шаҳбоз Ҳаитов, Довуд Махкамов, Меъроҷ Сӯфиҷонов, Мансурхӯҷа Мӯъминов ва Баҳромбек Ҳотамов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва ҷавонон ҷойҳои сеюм, Дамир Отаев, Амир Обидов ва Шоҳиҷаҳон Бобоев дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ байни наврасон мутаносибан ҷойҳои якум ва сеюм, Ҷамшед Мақсудов дар Фестивали ҷаҳонӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни собиқадорон ҷойи якум, Бобоҷон ва Амирҷон Бобоҷоновҳо, София Мӯъминова, Гузал Салимова ва Снежана Гостева дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ байни наврасону ҷавонон ҷойҳои сеюм, Александр ва Леонид Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода ва Мирсаид Мирзозода дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти варзишии болопӯшида ҷойҳои сеюм, Акмал Қодиров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дастхобонӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд ҷойи якум, Одинамаҳмад Зиёев, Зафарҷон Мӯсоев, Рӯзибой Сафаров, Асрор Бойқӯзиев ва Сайфиддин Худойбердиев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ ҷойи якум, Мирзодалер Хуршедзода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ушу ҷойи якумро сазовор гардиданд.
Раиси вилоят ғолибони мусобиқаҳои варзиширо барои пирӯзиву дастовардҳояшон дар соли 2023 табрик гуфта, ба онҳо маблағҳои пулӣ тақдим намуд.
Дар маросими қадршиносии варзишгарон изҳори боварӣ шуд, ки варзишгарони вилоят соли 2024 низ ба гирифтани ҷойҳои якум ва баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон дар мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ сазовор мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






