ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Данғара қариб 900 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими ниҳолшинонию сабзгардонӣ бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 870 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Бо иштироки сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара — шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва фаъолони ноҳия ниҳолҳои дастрасгардида бо риояи меъёрҳои агротехникӣ дар шафати роҳҳои маҳаллаҳои 7 ва 8-уми ноҳия шинонида шуданд. Ҳангоми шинонидан ниҳоли дарахтон бо ғизоҳои органикӣ ва нуриҳои маъданӣ таъмин гардид.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар раванди амалигардонии нақшаву барномаҳои давлатии дар ин самт қабулгардида сайъ менамояд, ки дар сабзу хуррамгардонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳм гузорад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ ба беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти саросарии экологии аҳолии мамлакат нигаронида шудааст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






