Фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди таҳлил қарор гирифт

Январь 13, 2024 11:37

ДУШАНБЕ, 13.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар шахсони масъул оид ба ҷамъбасти фаъолияти солонаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ҷаласаи корӣ баргузор гардида, самтҳои афзалиятноки пешрафти ин  соҳаҳо барои давраҳои минбаъда муайян гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, дар ҷаласа фаъолияти ҳар соҳаи хоҷагии вилоят дар алоҳидагӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки бо шарофати сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2023 марҳилаи нави рушди вилоят оғоз гардида, баҳри боз ҳам беҳтар сохтани сатҳ ва сифати зиндагӣ, рушди соҳаҳои саноат, таъсиси ҷойҳои корӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд.

Аз ҷумла, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 августи соли 2023 дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест — 2023» баргузор гардид, ки аз натиҷаи он 34 созишномаи ҳамкорӣ байни сармоягузорон, донорҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои вилоят ва соҳибкорон ба маблағи 1,3 млн сомонӣ ба имзо расид.


Таъкид гардид, ки ҳоло дар ҳудуди вилоят сохтмони шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Кулма аз ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон дар масофаи 93 км, Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа, Неругоҳи барқи офтобию бодӣ дар ноҳияи Мурғоб,   долонҳои зиддитармавӣ ва пули мошингузар дар мавзеи Барсем, инчунин пули мошингузар  бо дарозии 200 метр ва  борбардории зиёда аз сад тонна дар шаҳри Хоруғ бо маром идома доранд.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки хонандагону донишҷӯён ва дигар сокинони вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,  «Илм — фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» фаъолона иштирок намуда, зинаҳои ифтихориро дар номинатсияҳои гуногун ба даст оварданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Январь 13, 2024 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад