Хонандаи тоҷик Абдураҳмон Саидбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу — ҷитсуи бразилӣ ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 9-и Гимназияи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Абдураҳмон Саидбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсуи бразилӣ (Absolute Championship of Brazilian Jiu-Jitsu — World Open Championship 2023) дар вазни 55 кг ғолиб омада, медали тиллоро сазовор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Абдураҳмон Саидбеков дар ин мусобиқа Тоҷикистонро дар байни 64 давлати ҷаҳон муаррифӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсуи бразилӣ аз 12 то 15 декабри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






