Иҷрои нишондиҳандаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар идораҳои минтақавии корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» давоми соли 2024 таъмин карда мешавад
ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», барои таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ дар мамлакат замина фароҳам меоварад. Ин нукта дар ҳамоишҳое, ки дар идораҳои минтақавии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Суғд ва Хатлон баргузор гардид, таъкид шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш роҳбарият ва коргарону мутахассисони идораҳои дар вилоятҳои Суғд ва Хатлонбудаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» доир ба паҳлуҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Гуфта шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар радифи арзёбии дигар соҳаҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат ба соҳаи роҳу нақлиёт, хусусан роҳи оҳан таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳкими иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд».


Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои афзаиятноки иқтисоди мамлакат, аз ҷумла роҳу нақлиёт, роҳи оҳан таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар мамлакат иншооти муҳим дар соҳаи роҳдорӣ, ки барои мамлакат ва минтақа дорои аҳамияти стратегӣ мебошанд, бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Иштирокдорони ҳамоиш бо баррасии паҳлуҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун дастури рӯйимизӣ дар фаъолияташон истифода менамоянд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»










ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд






