Игор Черевченко: «Тоҷикистон ба қатори 8 дастаи беҳтарини футболи Осиё дохил гардид. Ин ифтихори бузург аст»
ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ғалабаи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ҳаштякфинали чемпионати Осиё аз ҷониби мутахассисони шинохтаи соҳа ба таври шоиставу арзанда баҳо гузошта шуд. Собиқ сармураббии дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Игор Черевченко дар мусоҳиба бо сомонаи маъруфи «Спорт Эксперсс» доир ба ғалабаи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон гуфтааст, ки ғалабаи футболбозони тоҷик шоистаи таҳсин, ҳаққонӣ ва як ҷаҳиши муҳим дар рушди футболи тоҷик аст.
«Онҳо ғалабаи ҳаққонӣ ба даст оварданд, бояд дар вақти асосӣ пурра бозиро бо ғалаба ҷамъбаст менамуданд. Барои тамоми мардуми Тоҷикистон ин иди бузург аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аллакай ба қатори 8 дастаи беҳтарини футболи Осиё дохил гардид. Ин ифтихори бузург аст. Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон ба даври минбаъда низ роҳ меёбад. Аз бозии имрӯза маълум буд, ки дар баъзе ҳолатҳо тими Тоҷикистон хеле хуб ва ҳатто аз рақиб беҳтар бозӣ кард. Тавре ки маълум аст, рақиби дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ғолибони ҷуфти Ироқ — Урдун мебошанд. Тоҷикистон метавонад, ки ин дастаҳоро низ мағлуб созад. Умед дорам, ки дастаи мунтахаби Тоҷикстон то даври нимниҳоии мусобиқоти Осиё роҳхат мегирад», -афзуд Игор Черевченко.
Хотирнишон месозем, ки 28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад.
Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи вақти изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.
Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






