Ҳикматулло Назиров: «Гарм ва камбориш омадани зимистони имсола сабаби зиёд шудани ҳашарот ва тезтар инкишоф ёфтани дарахтон мегардад»

Январь 10, 2024 15:28

ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гарм ва камбориш омадани зимистони имсола боғдорону деҳқонони хоҷагиҳои деҳқониро хеле нигарон намудааст. Ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, камбориш ё хушк омадани зимистони имсола барои зироати кишоварзӣ, махсусан соҳаи боғу токпарварӣ зиёновар дониста мешавад. Инчунин камбориш омадани ҳаво сабаби зиёд гардидани ҳашароти зараррасон ва  тезтар инкишоф ёфтани дарахтон мегардад. 

Ҳикматулло Назиров ба ин назар аст, ки таъсири тағйирёбии иқлим, дар мисоли ҳарорати ғайримуқарарӣ дар фасли зимистон ба зиёдшавии микроорганизмҳои зараровар, касалиҳои замбурӯғӣ ва дигар ҳашароти зараррасоне, ки хеле зиёд паҳн мешаванд, оварда мерасонад. Яъне, барои онҳо шароити мусоид барои афзоиш фароҳам меояд.

«Дар сурати паст шудани ҳарорат аз -12 то 15-16 дараҷа қисми зиёди ин зарраррасонҳо нобуд мешаванд. Дар шароити кунунӣ миқдори зиёди онҳо чӣ тавре ки ҳаст, дар зери хок маскан гирифта, боз баробари ба +5 дараҷа расидани ҳарорати хок ба фаъолият оғоз намуда, зарар мерасонанд. Бисёр хуб мешуд, ки дар чунин ҳолатҳо барои  муҳофизати боғу токзор ва тамоми зироати кишоварзӣ бар зидди зараррасонҳо ва касалиҳои занбурӯғие, ки мансуб ба зироат ҳастанд, мубориза бурда шавад»,-баён медорад мутахассиси соҳа.

Олимони соҳаи кишоварзӣ бар ин назар мебошанд, ки паст шудани гармии ҳаво ва бориши борону барф барои безараргардонӣ ва пешгирии  дарахтон аз гулкунии барвақтӣ, несту нобуд намудани ҳашароти зараррасон ва нигоҳ доштани намӣ дар хок имконияти хуб маҳсуб мешавад. Он ҳамчунин барои хуб нашъунамо ёфтани дарахтон манфиатовар мебошад. Аммо дар сурати гарму камбориш омадани ҳавои фасли зимистон ба дарахтон таъсири манфӣ мерасад.

Ҳамасола то 30-40 фоизи ҳосили ҳама зироати кишоварзӣ дар маҷмуъ аз таъсири микроорганизмҳои зараровар нест мешавад. Тавре ҳамсуҳбати мо мегӯяд, бояд шароити татбиқи фаслҳои сол- баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон таъмин гардад. «Мо фасли баҳор ва тобистонро аз сар гузаронидем, то кунун фасли тирамоҳ идома дорад. Яъне ягон намуд тағйироти дигаре нест. Тағйирот дар куллӣ ҳаст, ба мисоли болоравии ҳарорат дар фасли зимистон. Мебояд, ки дар ин фасл ҳарорат паст бошад, аммо ҳоло баръакси он аст. Сардиҳои баргарданда дар оғози баҳор, ҳангоме, ки ғунчаҳо ба шукуфтан оғоз менамоянд, метавонанд тамоми ҳосилро ба нестӣ баранд».

Инро метавон дар мисоли дарахти зардолу мушоҳида намуд. Зардолу дарахте аст, ки ба сардии то 28 дараҷа дар ҳолати оромӣ хеле тобовар аст. Лекин дар ҳолати ба шукуфтан оғоз намудани ғунчаҳо ин таносуб ба -1 баробар мешавад. Яъне, дар ҳолати -1 шудани ҳаво ҳосили  он ба нестӣ меравад. Дар қисмати шимоли ҷумҳурӣ якчанд соли охир чунин ҳолат дида мешавад. Ин ҳолат низ аз тағйирёбии иқлим вобаста аст.

Ҳикматулло Назиров иброз медорад, ки таъсири ҳарорати баланд дар фасли зимистон на танҳо ба боғу токзор, балки ба зироати кишоварзӣ, аз ҷумла зироати барвақтии картошка, ки дар саросари водиҳо кишт гардидаанд, таъсир расонида метавонад. Пешгирӣ аз он- агар имконият бошад, бо поруҳои пӯсидаву нимпӯсида болопӯш намудани ҳамаи қаторҳои киштшуда мебошад. Ин усул то як дараҷа ҳолати ногувори иқлимро бартараф намуда метавонад.

Мутахассис чунин мешуморад, ки “дар ҳолати имрӯза кори аз ҳама муҳим барои зироати кишоварзӣ- таъмини дурусти об аст. Ягона тавсияе, ки мо медиҳем, ин ҳам обёрии захиравӣ бо усули қатрагӣ, қаторӣ ва анъанавӣ аст. Чун танҳо бо ин роҳ мо метавонем зироатро бо об таъмин намоем. Он пешниҳодҳое, ки намудем, агар амалӣ шаванд, дар оянда метавонем ҳосили хуб рӯёнем”.

Дар ҳолати пайдо шудани савол ва ё зарур шудани тавсия деҳқонон метавонанд ба рақамҳои мутахассиси соҳаи кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров — 907 41 88 23 муроҷиат намоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 10, 2024 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар Гулистон 9 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида мешавад
Дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зиёда аз 250 бех ниҳоли ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд
Дар доираи «Барномаи кабудизоркунии табиати Тоҷикистон то соли 2040» беш аз ду миллиард бех ниҳол шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода 900 бех дарахти тут шинонида шуд
Дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ беш аз 200 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 250 ҳазор дарахт шинонида шуд
БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА НИҲОЛ МЕШИНОНЕМ! Дар ҳудуди «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал»-и шаҳри Душанбе зиёда аз 2500 бех ниҳоли сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар шафати роҳҳои Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент беш аз 400 бех ниҳоли ороишӣ шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон дар рӯзҳои сард зиёновар аст
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 44 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишию мевадиҳанда шинонида мешаванд
БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА НИҲОЛ ШИНОНЕМ! Солҳои 2025-2027 дар Душанбе 450 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Панҷакент беш аз 57 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда парвариш мешавад