Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Январь 18, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+15 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Январь 18, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад