ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрук мебошад
ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ«Ховар»/. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини мақомот бо техника ва воситаҳои махсуси замонавӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва назорати интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ дар тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ камераҳои назоратии рақамӣ насб намудааст. Инчунин дар дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадии «Панҷи Поён», «Дӯстӣ», «Фотеҳобод» ва «Қулма» камераҳои мушоҳидавии низоми вақти воқеӣ насб гардида, назорати интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз Маркази ҳолатҳои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук таъмин гардидааст, ки наворҳои он дар сервери махсус сабт мешаванд. Ин дар ҳолест, ки имрӯз, 22 январ дар мамлакат Рўзи кормандони мақомоти гумрук буда, аз таъсиси мақомоти гумруки Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мешавад.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Хуршед Каримзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки роҳбарият ва кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон соли 2023 дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини даромадҳои гумрукию пешгирии қочоқи молу маҳсулот фаъолиятро ба таври густурда амалӣ намуда, ба дастовардҳои чашмрас муваффақ гардиданд. Номбурда илова намуд, ки дастовардҳои соҳа дар соли 2023 бозгӯи фаъолияти самараноки масъулони соҳа дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва қонунгузории бахши калидии иқтисоди миллӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии соли 1992 бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти мамлакат Хадамоти гумрук ба сохтори калидию мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети мамлакат табдил гардид.
«Мақомоти гумрук дар ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ яке аз ниҳодҳои калидӣ ба шумор рафта, нақши он дар танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ муҳим аст»,- мегӯяд Хуршед Каримзода.
Ҳамзамон таъмини амнияти иқтисодии мамлакат рисолати асосии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, аз ин рӯ ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ таъсиррасон мебошад. Рисолати Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот, ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангии халқамон ва назорат аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ нигаронида шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрук ва беш аз 100 конвенсияю созишномаҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ буда, роҳбарияти мақомоти гумруки мамлакат дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалии гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Соли гузашта роҳбарияти мақомоти гумрук бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук вохӯриҳои судманд анҷом дод, ки дастрасии кумакҳои моддию техникӣ, табодули омори гумрукӣ, таҷриба, иштироки фаъолона дар робитаҳои минтақавии соҳавӣ, омодасозии мутахассисони касбӣ аз мавзуоти меҳварии вохӯриҳо буданд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамот замонавикунонӣ ва ислоҳоти мақомоти гумрук мебошад. Давоми 32 сол дар самти таҳкими заминаи моддию техникӣ Хадамоти гумрук ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, қариб тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва биноҳои маъмурӣ дорои заминаи моддию техникии муосир гардиданд. Кормандони мақомоти гумрук барои пешбурди фаъолияти хизматиашон бо таҷҳизоти муосири коргузорӣ, муоина ва назорати гумрукӣ таъмин гардиданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳамкории байналмилалӣ ва рушди Чин баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 55 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои Тоҷикистон тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ анҷом дода шуд
Телевизиони «Синамо» силсилафилми ҳунарии «Нерӯи ишқ»-ро таҳия намуд
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ шинос гардид
Дар Душанбе масъалаи таъминоти сӯзишворӣ дар бозори истеъмолӣ ва танзими нархи он баррасӣ шуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид
ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор гектар шолӣ кишт карда шудааст
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
Хатсайри қатораи Душанбе – Москва — Душанбе пас аз 6 сол барқарор гардид






