Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорокути конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об баргузор гардид

Январь 2, 2024 13:29

ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорокути Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори ҷаласа аъзои Кумитаи тадорукот ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуда, оид ба ҷараёни омодагӣ ва корҳои ташкилӣ вобаста ба баргузории ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ки дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим доир мегардад, ҳисобот доданд.

Таъкид шуд, ки Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» моҳи июни соли равон дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе доир гардида, дар кори он иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои якчанд мамлакатҳои ҷаҳон ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи барнома, дар ҳошияи Конференсияи сатҳи баланди байналмилалӣ баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар нақша аст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати омодагии сатҳи баланд ва вусъати корҳои ташкилию ташрифотӣ ба ин чорабинии сатҳи баланд аъзои Кумитаи тадорукот ва  роҳбарони вазорату идораҳои мамлакатро вазифадор намуд.

Январь 2, 2024 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон