ЛАҲЗАИ ТАЪРИХӢ ВА ҒАЛАБАИ АРЗАНДА! Пирӯзии навбатии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар сархати сомонаҳои варзишии ҷаҳон қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре чанде пеш иттилоъ додем, 28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро аз рӯйи натиҷаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 5:3 (вақти асосӣ 1:1) мағлуб намуда, ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад.
Ин пирӯзии Тоҷикистон дар сархати сомонаҳои варзишии ҷаҳон қарор гирифт.
Аз ҷумла, агентии Рейтер таҳти номи «Тоҷикистон аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт» аз ғалабаи дастаи мунтахаби давлати мо хабар дода, навиштааст, ки дар таърихи Ҷом Тоҷикистон пас аз Австралия (соли 2007) дуюмин навомад (дебютант) аст, ки ба даври ¼-ниҳоӣ баромад.
«Тоҷикистон ҳамчун навомади Ҷоми Осиё дар роҳи расидан ба орзуяш то чӣ андоза пеш меравад?», — навиштааст Шабакаи байналмилалии варзишии амрикоии «ESPN».
Дар идома тазаккур додааст, ки Тоҷикистон ба унвони навомад дар Ҷоми Осиё-2023 аллакай бо роҳ ёфтан ба даври 1/8-ниҳоӣ аз ҳама интизориҳо гузашта буд.
«Ҳатто бо он ки бори аввал Тоҷикистон дар майдони бузургтарини футболи Осиё ҳунарнамоӣ менамояд, аз чизе ҳарос надорад, — омадааст дар хабар. — Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё то куҷо ба муваффақият ноил мешавад, вақт нишон хоҳад дод, аммо набояд дар тааҷҷуб буд, агар онҳо воқеан бовар доранд, ки метавонанд тамоми роҳро тай намоянд».
Шабакаи телевизионии байналмилалии Фаронса «France24» бо инъикоси пирӯзии дастаи мунтахаби мамлакати мо навиштааст, ки баъд аз роҳ ёфтан ба даври 1/8-ниҳоӣ барои Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 маҳдудият вуҷуд надорад.
Калонтарин рӯзномаи Миср «Ahram Online» навиштааст, ки Тоҷикистон бо ҳамроҳ шудан ба Австралия дар ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 таърих менависад.
«Тоҷикистон таърих месозад ва ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт», — навиштааст сомонаи дигари варзишӣ.
Ёдовар мешавем, ки 22 январ дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мулоқот намуданд.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди футбол дар мамлакат, дастгирии давлатии соҳа, оммавигардонии футбол ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳар чи бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва бо дастовардҳои арзанда парчами мамлакатро дар арсаи олам баланд бардоранд.
Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба футболбозони тоҷик барору комёбӣ орзу намуданд.
Бояд гуфт, ки таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгириии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
Мавриди тазаккур аст, ки дар даври аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо Чин мусовӣ (0:0) бозида, дар даври дуюм аз Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд ва дар даври сеюм Лубнонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, ба марҳалаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баромад.
Акнун баъд аз шикаст додани тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар марҳалаи 1/8-ниҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/4-ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ироқ ва Урдун рӯзи 2 феврал бозӣ менамояд.
АКС аз сомонаҳои варзишӣ/АМИТ «Ховар»



















ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад






