МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Кадом маҳсулотро метавон беш аз як сол захира намуд?

Январь 28, 2024 14:38

ДУШАНБЕ, 28.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриҳояшон бо мардум пайваста таъкид менамоянд, ки бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ ва дигар омилҳои ба ҳамагон маълум вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккаб мешавад. Аз ин рӯ Сарвари давлат зарур мешуморанд, ки ҳар оила бояд захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ дошта бошад. Кадом маҳсулотро метавон то ду сол ва ё зиёда аз он захира намуд? Дар зер шарҳи пурраи мавзуъро метавонед мутолиа намоед.

ЛӮБИЁГИҲО. Ин маҳсулоти беназир дар Тоҷикистон васеъ истифода мешавад. Онҳо лазиз, серғизо ва бениҳоят муфид мебошанд: дар таркиби лӯбиёгиҳо нахҳо, витаминҳои А ва В, оҳан, калсий, углеводҳо ва тақрибан чоряки сафедаҳо (ва дар баъзе намудҳои он аз ин ҳам бештар) зиёд ҳастанд. Лӯбиёгиҳо дар Рим, Юнон ва Мисри қадим парвариш ва истифода  мешудаанд.

Лӯбиёгиҳоро то 10 сол нигоҳ доштан мумкин аст. Сирри нигаҳдории дарози ин намуди маҳсулот дар коркарди дуруст ва муҳайё намудани шароити махсуси он аст. Барои ин онҳо бояд комилан хушк бошанд,  дар қуттиҳои ҳавоногузар ва дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шаванд.

Муҳаққиқони Донишгоҳи Бригама Янга муайян намудаанд, ки пас аз 30 сол намуди зоҳирии лӯбиёгиҳои хушкшуда тағйир меёбад, аммо ҳама намунаҳо дар ҳолати фавқулода қобили истифода мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки лӯбиёгиҳо дар асл метавонанд ҳадди ақалл то 30 сол нигоҳдорӣ шаванд.

АСАЛ. Он кайҳо боз ҳамчун «ғизои фавқулода» маълум аст, чунки дорои хусусиёти зиёди муфид барои саломатӣ мебошад. Дар он антиоксидантҳо зиёд ҳастанд, сулфаро  рафъ месозад ва ҳатто ба андешаи табибон, асал захмҳо ва сӯхтагиҳоро шифо мебахшад. Асалро муддати бисёр тӯлонӣ нигоҳ доштан мумкин аст. Дар эҳромҳои қадимаи Миср кӯзачаҳои гилини асал ёфт шудаанд ва маълум шуд, ки асали дохили онҳо ҳанӯз ҳам таъми олиҷаноб дорад, ҳатто пас аз ҳазорҳо сол, ки кӯзачаҳо муҳр шуда буданд. Сирри муҳлати зиёд нигаҳдорӣ шудани асал дар зиёдии қанд дар таркиби он нуҳуфтааст. Инчунин асал дорои муҳити хеле турш аст ва бинобар ин бактерияҳо наметавонанд дар он инкишоф ёбанд.

МАКАРОН. Бисёр одамон дар як ҳафта чандин маротиба онро истеъмол менамоянд, алалхусус кӯдакону наврасон хӯрдани хӯрокҳои макарониро зиёд меписанданд. Макарони хушк ҳамчун ғизои «абадӣ» дар бисёр рӯйхатҳои ғизоӣ ҳузур дорад. Аммо пеш аз рафтан ба мағозаи хӯрокворӣ барои яклухт харидани қуттиҳои спагеттӣ дар хотир бояд дошт, ки онҳо танҳо 2-3 сол дар анҷомхона нигоҳ дошта мешаванд. Бале, албатта, се сол барои нигоҳдории ғизо вақти зиёд аст. Агар вермишел дар зарфи ҳавоногузар гузошта ва  дар ҷои хушк нигоҳ дошта шавад, муҳлати истеъмоли он чандин маротиба бештар мешавад.

ҚАНД. Ба гуфтаи мутахассисони ғизошинос, қандро дар ҷои хушк ва сард бояд нигоҳ дошт. Ин маҳсулот, мисли намак намиро дӯст намедорад. Агар шароити нигоҳдорӣ риоя шавад, пас онро метавон то 10 сол ҳифз намуд.

КОНСЕРВАҲО.  Ба гуфтаи мутахассисон, консерваҳои худсохти хонагӣ набояд бештар аз як сол нигоҳдорӣ шаванд. Аммо консерваҳои аз мағозаҳо харидшударо метавон муҳлати дарозтар — ба ҳисоби миёна то ду сол нигоҳ дошт. Илова бар ин, муҳлати истифодаи, масалан, консерваи гӯштӣ маънои онро надорад, ки маҳсулот хароб шудааст, аммо нишон медиҳад, ки худи қуттӣ эҳтимол занг зада бошад. Барои нигоҳ доштани консерваҳо беҳтар аст, ки хонаҳои сард ва хушк интихоб шаванд.

МУРАББО. Бо фарорасии тобистон  занҳо маъмулан ба бозор мераванд, то ба ҳадди имкон мева ва сабзавот харида, дар шароити хона барои зимистон мураббо таҳия намоянд. Амалан  ҳар оила онро аз меваҳои гуногун  омода месозанд. Ҳоло аз меваҳо, чормағз, сабзавот ва ҳатто барги  гулҳо мураббо  тайёр менамоянд. Агар мураббо дар хонаи салқини ҳарораташ на болотар аз  +15 ° C   нигоҳдорӣ шавад, муҳлати қобили истифода будани он ду сол аст.

ХУШКМЕВА. Дар фасли зимистон ва баҳор ҳангоми кам шудани меваҳои тару тоза талабот ба ин маҳсулот зиёдтар мешавад. Мева ва буттамеваҳои табиии хушккардашуда на танҳо болаззат, балки манбаи витаминҳо барои ҳифзи саломатӣ мебошанд. Онҳоро метавон дар шакли тару тоза истеъмол намуд ва ё барои тайёр намудани нӯшобаҳо, пухтупаз ва шириниҳои гуногун истифода бурд.

Меваҳои хушкро муддати дароз нигоҳ доштан мумкин аст, аммо фаромӯш набояд сохт, ки барои дароз намудани муҳлати ҳифз онҳо бояд ба таври дуруст нигоҳдорӣ шаванд. Меваҳои хушкро метавон то 2 сол нигоҳ дошт, вале лозим аст, ки онҳо дар ҷойи хушк ва дур аз нурҳои мустақими Офтоб муҳофизат шаванд. Меваҳои хушк аз намӣ ва рутубати баланд вайрон мешаванд.

БИРИНҶ. Ин навъи маҳсулотро дар мамлакати мо ҳар оила истифода менамояд. Агар шароит риоя шавад, онро метавон муддати дароз нигоҳдорӣ намуд. Мисли лӯбиёгиҳо биринҷ бояд дар қуттиҳои ҳавоногузар, дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шавад. Ба сифати борҷома беҳтар аст, ки зарфҳои пластикии хоси маводи ғизоӣ (PETE) ва зарфҳои шишагӣ истифода шаванд ва онҳо бояд маҳкам пӯшида шаванд.

Чуноне таҳқиқоти дар Донишгоҳи давлатии Utah State University (бузургтарин ва муҳимтарин муассисаи таҳсилоти олии иёлати Ютаи  ИМА) гузаронида нишон медиҳад, агар ин шароит риоя шавад, биринҷро то 30 сол нигоҳ доштан мумкин аст ва дар ин муддат вай  таъми лазиз ва бӯйи хуши худро гум намесозад. Бояд  гуфт, ки дар таҳқиқот 2 навъи биринҷ — сайқалёфта ва бухордода  истифода шудааст.

ОРД. Тавсия дода мешавад, ки ин маҳсулот на бештар аз 12 моҳ нигоҳ дошта шавад. Вале дар ҳамин муддат ҳам бӯй ва таъми орд метавонад тағйир ёбад, аз ин рӯ беҳтар аст, ки муҳлати нигоҳдории он аз панҷ то шаш моҳ маҳдуд шавад.

Ба гуфтаи мутахассисон, орд барои нигоҳдорӣ шароити хос тақозо наменамояд ва онро дар ҳарорати хонагӣ нигоҳ доштан мумкин аст. Яъне, хона бояд хушк ва сард бошад ва барои пайдо нашудани ҳашарот  ҳадди ақалл дар як моҳ орд як бор бехта шавад. Аз ин рӯ, коршиносони соҳаи маводи ғизоӣ нигоҳ доштани ордро дар халтаҳои калон тавсия намедиҳанд. Беҳтар аст, ки барои нигоҳдории орд халтачаҳои катонии дар маҳлули намак тар ва хуб хушкшуда истифода шаванд.

РАВҒАН. Танҳо як намуди равғани растанӣ мавҷуд аст, ки он бояд дар яхдон нигоҳ дошта шавад — ин равғани зағир аст. Муҳлати нигоҳдории ин равған бисёр кам аст, зеро вай дар ҳарорати хона талхмаза  мешавад. Намудҳои дигари равғанҳо, аз ҷумла равғани имрӯз маъмули зайтун бояд дар ҷойҳои сарду торик, беҳтар аст, ки дар зарфҳои шишагӣ нигоҳ дошта шаванд. Ба ҳамин тартиб равғанро метавон ба осонӣ то ду сол нигоҳ дошт. Агар шумо хоҳед, ки ин муддатро каме дароз намоед, равғанро ба зарфи шишагӣ бирезед ва дар таги зарф каме намак пошед.

Дар бораи равғани зард бояд гуфт, ки агар он дуруст таҳия шуда бошад, метавонад солҳо нигоҳдорӣ шавад, — инро таҷрибаи гузаштагонамон исбот намудааст. Пештар равған дар зарфҳои сафолӣ нигоҳдорӣ мешуд ва муддати дароз сифатҳои муфиди худро гум наменамуд.

Нисбат ба равғани зарди истеҳсоли саноатӣ қоидаҳои дигар амал менамоянд. Дар ин намуди равған миқдори об нисбат ба равғани хонагӣ  камтар аст. Аз ин рӯ, дар ҳарорати хона муҳлати нигоҳдории он 9 моҳ ва дар яхдон то 15 моҳ аст.

ЧОЙ. Муҳлати истеъмолии чойи ғарамшуда на бештар аз як сол аст, агар он дар шароити дуруст нигоҳдорӣ шавад. Дар борҷомаҳои кушода муҳлати нигоҳдории он кам мешавад. Бояд донист, ки ин маҳсулоти бисёр нозук аст, бӯйҳо, рутубат ва чизҳои дар наздаш бударо ба худ мегирад. Ҳангоми нигоҳ доштани чой дар хона муҳим аст, ки он дар қуттиҳои сарбаста ҳифз шавад. Борҷома бояд аз сафол, шиша ва ё ақаллан филизӣ бошад. Барои муддати кӯтоҳ — чанд ҳафта — чойро дар қуттиҳои коғазӣ нигоҳ доштан мумкин аст. Агар имкон  бошад, чой бояд дар борҷомаи ҳавоногузар нигоҳ дошта шавад, дар ин ҳолат муҳлати нигоҳдории он зиёд мешавад.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 28, 2024 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст