Масоили воридшавии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда шуд

Январь 29, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 29.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва мақому ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии мамлакат,  сатҳи некӯаҳволии мардум, масъалаҳои таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир, воридшавии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ва вазифаҳо барои оянда сухан гуфта шуд. Чунин изҳори назар намудааст раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

— Президенти Тоҷикистон зимни таҳлили амиқу нишонрас татбиқи ҳадафҳои стратегии мамалакатро бо мисолҳои возеҳ фаҳмонида, таъкид доштанд, ки агар мо дурнамои ин ҳадафҳоро пешбинӣ наменамудем, пас мамлакат дар таъмини неруи барқ, бунёди инфрасохтор, расидан ба амнияти озуқаворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба мушкилиҳои зиёд дучор мешуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бинобар амалӣ шудани раванди хусусигардонӣ қариб 11 ҳазор коргоҳ бо фарогирии 54 ҳазор ҷойи нави кор сохта, ба истифода дода шуд, ки барои пешрафти Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.

Ноил шудан ба чунин дастовард кору саҳлу осон нест, дар ҳоле ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ бо низоми иқтисодии пурқувват, ҳолати молиявии хуб ва дар сатҳи баланд қарор доштани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон, ҳанӯз ҳам дар афзуннамои маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардида истодаанд.

Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми мамлакат тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62  фоиз дар соли 2023 паст шуд, ки ин аз болорвии сатҳи иҷтимоии мардум дарак медиҳад.

Воқеан ҳам, чун нек мушоҳида менамоем, аксари хонаводаҳо бинобар хуб будани шароити зист ва озодона тиҷорат намудан сатҳи зиндагиашонро боло мебардоранд.  Махсусан баъди он ки Сарвари давлат 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектарро аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи мамлакат барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим намуда доданд, аҳолӣ хонаҳои худро бо тарҳи замонавӣ месозанд, ки ин далели баланд гардидани сатҳи некӯаҳволӣ ва ҳисси зебоипарастии сокинон мебошад.

Имрӯз хонае нест, ки соҳиби нақлиёт, мошинаи ҷомашӯӣ, асбоби муосири барқӣ набошад. Гузашта аз ин, нишондиҳандаи фарогирии аҳолӣ бо алоқаи мобилии телефонӣ дар Тоҷикистон хеле боло рафта, дастрасӣ ба интернет осон гардидааст. Аз 10 миллион аҳолии мамлакат қариб 7 миллион нафар соҳиби алоқаи мобилӣ буда, беш аз 6 миллион бо интернет сару кор мегиранд, ки ин рақами андак нест.

Аммо бояд хотирнишон намуд, ки бо интернет сарукор гирифтан дар баробари огоҳ шудан аз навигариҳои олам, ҳамзамон ҷанбаи манфӣ дорад. Маҳз ифротгароён, душманони миллат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони моро мағзшӯӣ намуда, тақдири онҳоро талх менамоянд. Фурсате фаро расидааст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, нагузорем, ки ягон бадхоҳ барои манфиатҳои хоҷагонаш  обрӯ ва манзалати миллати моро дар арсаи байналмилалӣ паст занад.

Дар сиёсати маънавибунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини зиндагии шоиста ба мардум ҷойгоҳи хосса дорад. Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо  соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки ин таваҷҷуҳи Сарвари давлат шоистаи намуна ва омӯзиш аст.

Президенти Тоҷикистон диққати ҳозиринро ба куллан тағйир додани сатҳу сифати донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимию донишгоҳҳои олӣ ҷалб сохта, хеле бамаврид таъкид намуданд, ки агар мо ба рушди илму маориф эътибори ҷиддӣ надиҳем, сатҳи дониши мутахассисонамонро ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нагардонем, ба натиҷаҳои ниҳоии хуб ноил шуда наметавонем.

Дар ҳақиқат, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ихтироъ гардидани технологияҳои муосир дар ҳама ҷабҳаҳо дониши мукаммали мутахассисону сармоягузориро ба рушди тафаккури инсон талаб менамоянд.

Тавре ки Президенти Тоҷикистон бамаврид эрод гирифтанд, бо тарзу услуби кӯҳна, дониши ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ набуда, надонистани забонҳои хориҷию одоби муошират бо намояндагони дигар давлатҳои дуру наздик мо наметавонем мамлакатамонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоем.

Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллатамон аст, ки гуфтанд: «Бе рушди илму маориф ягон қадам ҳам пеш рафта наметавонем ва бунёди миллат аз маориф оғоз мегардад!».

Сарвари давлат дар мавриди омӯхтани донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ ва инкишофи неруи зеҳнии ҷавонон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси соҳа ҷиҳати саҳм гузоштан дар чор ҳадафи стратегии мамлакат, хосса саноатикунонии босуръат махсус сухан гуфтанд.

Дигар аз нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ- ин дар руҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавон аст. Зеро ҳамаи мо хуб медонем, ки авзои сиёсии ҷаҳон хеле муташанниҷ аст. Дар чунин марҳилаи ҳассос, ки давлатҳои абарқудрат кӯшиши азнавтақсимкунии ҳудудҳоро доранд, танҳо ҳисси баланди хештаншиносӣ, ватанпарастӣ метавонад моро аз вартаи ногувор раҳонад.

Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1400 километр сарҳад дорад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки ин давлати ба ном исломиро имрӯз толибон зери тасарруфи худ қарор дода, мекӯшанд ҳадафҳои ғаразнокашонро дар ҷомеа пиёда созанд. Ба ҷуз аз толибон қариб 30 гурӯҳи ифротии ба ном давлати исломӣ дар Афғонистон барои ба даст овардани ҳокимият, ғасби давлатҳои ҳамсоя кӯшиш доранд.

Имрӯз зарурат пеш омадааст, ки ба фарзандонамон фаҳмонем, ки ба ҷуз худи мо каси дигар амнияти моро таъмин карда наметавонад, бояд бо амри дил ва ифтихори бузург ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ пайваст шавем ва Ватанамонро бо ҷону дил ҳимоя созем. Дар ин ҷода баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, донистани қонунҳои амалкунанда бар манфиати кор аст.

Аз ин хотир Президенти Тоҷикистон ба хотири ҳарчи беҳтар баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва ба истиқболи 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд. Моро мебояд, ки ба дониши сиёсиву ҳуқуқии фарзандонамон бештар диққат диҳем, ба онҳо шуғли муфид омӯзонида, онҳоро дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намоем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бунёди ҷомеаи муосир бе ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон имконнопазир аст
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ПАЙКИ САОДАТОВАР. Он омили пешрафти ҷумҳурӣ ва таъмини зиндагии арзанда барои мардум аст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Танҳо ба воситаи маърифати баланди ҳуқуқӣ метавон ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд намуд
«ХАВФИ РЕПУТАТСИОНӢ». Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
МАСОИЛИ САНОАТИКУНОНӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин мавзуъ
Дар ноҳияи Вахш вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
«ПАЁМ ЧУН РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ». Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе таҳти ин унвон конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ доир ба аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
«ҲАДАФҲОИ ТАРБИЯВИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ маҳфили тарбиявӣ баргузор шуд