МИЛЛАТИ МО ОТАШИ САДАРО АЗ НАВ ФУРӮЗОН НАМУД. Бо омадани ин ҷашни зебо роҳи мо то Наврӯзу Тиргон ва Меҳргони дигар нурборон мегардад

Январь 21, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.

Бояд таъкид намуд, ки дар замони истиқлол ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо намуда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар  радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.

Дар зер андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло оид ба эҳёи дубораи ин ҷашн манзур мешаванд.

— Миллати тамаддунофар ва некманиши тоҷик ҷашну маросим ва ойину суннатҳои маъруф ва оламшумули  зиёде дорад. Фаровонии теъдоди ҷашну маросими миллии мо гувоҳи равшани бунёд ва тафаккури  бостонии миллати мо мебошад.  

Эҳёи дубораи ҷашну  маросим ва суннатҳои мардумии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва даҳҳои дигар дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон гувоҳи равшани ба асолату рисолати таърихӣ бозгаштани миллати мо аст. Аксари ин маросим, хусусан Наврӯз, Меҳргон ва Сада таҷассуми одобу хирад, фарҳангу маданият, хуллас симои  маънавии мардуми тоҷик мебошанд.

Яке аз вижагиҳои барҷастаи ин маросим ва аксари ойину суннатҳои дигари мо дар он ифода меёбад, ки  онҳо на фақат ормонҳои миллӣ ва орзуву ҳадафҳои баланди мардуми моро ифода менамоянд, балки аксарашон дурахши ормонҳои башарӣ буда, меҳру муҳаббат ва ишқу орзуи одамизодро таҷассум сохтаанд. Яъне ба орзуву омол ва дардҳои тамоми башар ҳамсадову ҳамнаво мебошанд.

Бубинед, Наврӯз ҷашни шукуфоиву зебоӣ, файзу нишот, ҷашни эҳёи инсону табиат аст, Меҳргон ҷашни ҳосили заҳматҳо, ҷашни фаровониву сериву пурӣ аст, Сада ҷашни нур, ҷашни рӯшноӣ, намои пирӯзиҳои инсон мебошад, Тиргон ҷашни арҷгузорӣ ба об ва Эзади об Тир буда, ҷашни обу ободӣ ва файзу баракати рӯзгор аст. Ва инҳо ҳама рамзи ормонҳои башарӣ ҳастанд, ки ба дарду армони башарият мехӯранд, орзуҳои онҳоро амалӣ менамоянд. Беҳуда нест, ки Наврӯзи хуҷастапайи тоҷикон мақоми байналмилалӣ гирифт ва аз ҷониби мардуми дунё бо муҳаббати хос эътироф гардид. Бо ҳамин обрӯ метавонанд ҷашнҳои дигари мо- Меҳргон ва Сада низ мақоми ҷаҳонӣ дошта бошанд. Зеро онҳо низ бо тамоми зуҳуроти неку хайрхоҳонаашон башарӣ ва умумиинсонӣ ҳастанд.

Ин ҷашнҳо дар Тоҷикистони азизи мо эҳёи тоза ёфтанд. Эҳёву таҷлили Наврӯз дар замони Истиқлолият воқеан эҳёву таҷлили бунёди маънавиву фарҳангиву инсонии халқи мо гардид, ки мардум онро  имрӯз чун ҷашни зодрӯз ва асолати худ таҷлил менамоянд. Истиқболи мардум аз ҷашни Меҳргон низ  гувоҳи зотӣ будани ин ҷашн барои мо, гувоҳи зиндаву пойдор будани суннатҳои баланди тоҷикон аст.

Имрӯзҳо боз як ҷашни дигари таърихиву асотирии миллати мо- ҷашни Тиргон эҳёи дубора меёбад, ки арҷгузорӣ ба обу борон, покиву рӯшноӣ ва файзу баракат аст. Эҳёи дубораи Сада, истиқболи гарму пурмуҳаббати мардум аз ин ҷашни нуру рӯшноӣ низ гувоҳи он аст, ки бо гузашти ин ҳама ҳазорсолаҳо оташи фурӯзони Сада дар умқ-умқи ҳастии миллати мо маҳфуз будааст. Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои инсоният аст ва то ба ҳоло дар ниҳоди мардуми мо фурӯзон мондани он гувоҳи бешаки қадимӣ будани тоҷикон аст, зеро пайдоиши ин ҷашн ба кашфи оташ аз ҷониби инсон марбут аст. Бубинед, ин ҷашне аст, ки дар замони аввалин кадхудои Замин- Каюмарс бунёд ёфтааст ва бунёдгузору кошифи он Ҳушанг аст, ки ӯ набераи чаҳоруми ҳазрати Одам будааст.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Дар эҷодиёти бисёре аз бузургони илму адаби мо  аз “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ то “Ат-тафҳим” ва “Осор –ул- боқия”-и Абӯрайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Ҳаким Умари  Хайём , “Аҷоиб –ул- махлуқот”-и Имомуддин Закариёи Қазвиниву дигарон, дар осори шоирони номдори гузашта Манучеҳрӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва бисёри дигар метавон маълумот ва тасвирҳои ҷашни Садаро пайдо намуд. Аз ҷумла, Манучеҳрӣ гуфтааст:

Омад он сайиди аҳрор- шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.

Унсурӣ мефармояд:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Ва дар ҷойи дигар мегӯяд:

Равшанӣ бар осмон з-ин оташи ҷашни Сада,
К-аз сарои Хоҷа то гардун ҳаме ҳамсар шавад.
Оташе кардаст Хоҷа, к-аз фаровон мӯъҷизот
Ҳар замон дигар ниҳоде гираду дигар шавад…

Ва бо қироати ин сатрҳо манзараҳои бошукуҳи оташафрӯзии ниёкон дар ҷашни Сада пеши назари мо ҳувайдо мешаванд.

Дар бораи оташи Сада ҳанӯз дар қадимтарин осори гузаштагони мо, аз ҷумла «Авасто» маълумот дода мешавад  ва оташе, ки  дар оташкадаву маъбадҳои зардуштӣ фурӯзон буд, ҳамеша нур ва рӯшноӣ ба фарҳангу маърифату одоб ва сиришти мардуми мо бахшида, ӯро аз ҷодаҳои хайру  некӣ ба роҳи ростин раҳнамоӣ намудааст. Имрӯз маҳфуз мондани нури ин оташ дар бунёди миллати соҳибтамаддуни мо беҳуда нест. Зеро оташи Сада, оташи бунёдии мардуми мо воқеан аз ниҳоди равшанипарасти халқамон рӯ задааст. Ин оташ чу рамзи некӣ бар муқобили бадӣ, чун рамзи рӯшноӣ ба муқобили торикӣ ба вуҷуд омадааст.

Имрӯзҳо эҳёву зинда шудани ойинҳои қадимии башарият, хусусан дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва ҷашнҳои қадимии худро соҳибӣ намудани халқи мо далели миллати қадимӣ ва соҳибтамаддун будани тоҷикон аст.

Бо гузаштани ҳазоронсолаҳо эҳёи дубораи ҷашни Сада маҳз дар Тоҷикистони азизи мо боз ҳам гувоҳи он аст, ки оташи Сада ҳамеша дар умқ-умқи халқи мо, дар дилу ҷони тоҷикон ин ҳама асрҳо маҳфуз будааст, ки имрӯз аз нав фурӯзон гардид. Мардуми мо хуб медонанд, ки баъзе аз суннатҳои ин ҷашн: оташафрӯзӣ дар маъракаҳо, аз болои алов париданҳо, гирди гулхан чарх задани арӯсу домод ва бисёр таомулҳои дигари вобаста ба оташ  то имрӯз ҳам дар байни мардуми мо  вуҷуд доранд ва далели зиндаи рӯшноипарастии мардуми мо мебошанд.

Гузаштагони мо оташро мепарастиданд. Суғдиён ҳангоми рафтан ба меҳмонии ҳамдигар оташро дастовез ва армуғон мебурданд. Чунон ки устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ хеле зебо тасвир намудааст:

Суғдиён ҳар гаҳ ба кӯи дӯст меҳмон мешуданд,
Дастовезе барои дӯст оташ доштанд,
Яъне чун оташ фурӯзон буд дар дил меҳрашон,
Яъне имону дили бедоғу беғаш доштанд.

Ва ин оташе, ки миллати мо ҳамеша дар ниҳоди поки худ нигоҳ медошт, ҳамеша  рамзи созандагӣ ва рисолати рӯшноибарӣ дошт:

Худои Суғдиён будаст оташ-
Ҳамон оташ, ки оҳанро гудозад,
Ҳамон оташ, ки дар тоби баландаш
Синону ханҷару  шамшер созад.
Ҳамон оташ, ки то ҳоло намурдаст,
Агарчи душманон оташ задандаш.
(Бигирад з-оташ оташ шуълаи нав,
Намирад з-оташи нав ҳеҷ оташ!)

Ва дар поёни ин шеър устод Лоиқ аз номи миллати равшандили худ чунин меорад:

Ман он оташпарасти поксӯзам,
Парастам оташи мероси онҳо.
Ҳамон оташ, ки ҷовидон намирад
Барои ҳоҷати давру замонҳо.

Воқеан имрӯз миллати мо оташи Садаро аз нав фурӯзон намудааст, то нуру рӯшноӣ ва гармии ин оташи созандаро ба мардуми олам армуғон барад.

Миллати равшандили мо имрӯз ҳам кошифи нуру рӯшноӣ аст. Бунёди яке аз бузургтарин неругоҳҳои Тоҷикистон- Неругоҳи барқи обии «Норак», бунёди теъдоди зиёди неругоҳҳои давлати  тоҷикон имрӯз дар замони истиқлолият,  хусусан бунёди яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обии  олам- «Роғун» гувоҳи ин аст. Ва аллакай оташу гармиву рӯшноии ин неругоҳҳо на танҳо Тоҷикистони маҳбуби моро барқафшон сохтааст, балки ба дигар кишварҳо низ интиқол дода мешавад. Беҳуда нест, ки яке аз ҳадафҳои бузурги стратегии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат аст.

Дар ин росто як ҳақиқатро бояд эътироф дошта бошем ва ин ҳақиқат нақши бузурги шахсият дар таърих аст. Зеро ин ҳама пайгирӣ аз ҳадафҳои бузург, бунёдкориву шукуфоиҳо, дастовардҳои наҷиби ҷумҳуриамон дар соҳаҳои гуногун дар солҳои охир, руҳияи баланди худшиносии милливу  ифтихороти ватандорӣ вобастагӣ ба номи шахсияте дорад, ки аз оғози истиқлолият оташи ишқу садоқати Ватан дар вуҷудаш фурӯзон буд. Ӯ буд, ки ин оташи ватандӯстиро дар вуҷуди ҳар яки мо пора-пора ҷо намуд, ӯ буд, ки аввалин қадамҳоро ба сӯи ҷодаҳои худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, ифтихороти миллӣ ва оқибат ваҳдати миллӣ гузошт ва халқро бо ҳамин оҳанг аз паси худ бурд. Ӯ буд, ки таҷлили ҷашнҳои бузургони гузашта ва мавзеъҳои таърихии миллати моро бунёд гузошт. Ӯ буд, ки тамоми неруи худро ба эҳёи ҷашну маросими миллӣ бахшид ва дар маҷмуъ эҳёи дубораи миллати куҳанбунёдро таъмин намуд. Оре, наметавон нақши бузурги Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин маврид нодида гирифт.

Имрӯз ҳам пешниҳоди Сарвари фархундаву Пешвои миллати мо аст, ки Сада- ин ҷашни бостонии тоҷикон ба таври васеъ ва дар сатҳи баланд дар тамоми боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдонҳои варзишии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Бубинед, Пешвои миллати мо он иқдоми неку ватандӯстонаро, ки бо ҳадафҳои воло ва  ифтихори миллӣ дар мавриди эҳёи ҷашнҳои Наврӯзу  Меҳргон амалӣ намуда буданд, имрӯз нисбат ба ҷашни дигари таърихии мо- Сада раво мебинанд. Оташе, ки бо ҷашни Сада фурӯзон мешавад, оташи бунёдсози миллати мо ва пеш аз ҳама, оташи ватандӯстонае аст, ки аз ниҳоди Пешвои фархундаи миллатамон сар задааст.  Ва мо, бешубҳа, ба ин оташ оташи меҳру муҳаббати ватандӯстонаи худро зам месозем, то онро фурӯзонтар намоем.

Имрӯз Тоҷикистон маҳзари дурахшони ҷашну маросим аст, ки ин мояи ифтихори мо мебошад. Бигзор ҳамеша чунин бошад. Миллати давоми таърих ҷабри зиёддидаи тоҷик сазовори сарбаландиву пирӯзиҳои навин аст.

Инак, дар ҷашни Сада оташ меафрӯзем, то роҳи моро ба сӯи ояндаи дурахшонамон равшан созад. Ин ҳам рамзӣ аст, ки баъд аз сад рӯзи Сада Наврӯз меояд, яъне Сада дарвозаи Наврӯзи хуҷастапайи мо ва пирӯзии нахустини мо тавассути оташи фурӯзони он бар торикиҳо аст.

Яъне роҳи мо то Наврӯзу то Меҳргони дигар нурборон мегардад.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 21, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд