НАЗАРИ КОРШИНОС. Рушди низоми саноати ватанӣ ба дурнамои рушди минбаъдаи Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад
ДУШАНБЕ, 13.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» маълум мегардад, ки рушди саноати ватанӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Воқеан ҳам қадамҳои устувору фаъолияти инноватсионӣ ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии давлат дар рушди низоми саноати ватанӣ муҳим арзёбӣ гардида, ба дурнамои рушди минбаъдаи мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки пешрафти ин соҳа бо дарки баланди ватандорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад. Чунин изҳор намуд сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ Ораз Муртазозода ба АМИТ «Ховар».
— Бо такя ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд гуфт, ки агар дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошта бошад, пас дар ду соли охир дар мамлакат беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шудааст. Рақамҳои оварда аз он шаҳодат медиҳанд, ки тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида ва иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо нақшаи гузариши иқтисодиёти мамлакатро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонида, бо талошҳои зиёд ба рушди иқтисоди миллӣ суръат мебахшем.
Агар ба таври мухтасар назар намоем, пас аз солҳои дароз ва интизориҳои зиёд маҳз шуруъ аз соли 2000-ум қадамҳои устувор барои эҳёи иқтисод ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мамлакат гузошта шуданд. Сипас, бо назардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат эълон гардиданд. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2023 нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзуда, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда танҳо дар ҳафт соли охир 2,4 баробар зиёд гардид. Мояи сарфарозӣ аст, ки беш аз пеш рушди иқтисоди миллӣ таъмин, буҷети давлати иҷро, гардиши тиҷорати хориҷӣ муътадил ва қурби асъори миллӣ нисбат ба шарикони тиҷоратӣ устувор нигоҳ дошта шудааст. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам зимни суханрониҳо таъкид менамоянд: «…ин нишондиҳандаҳо бо назардошти захираву имконияти мамлакат ҷиҳати ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя боқӣ мемонад».
Бояд гуфт, ки суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар самтҳои гуногуни саноати миллӣ барои гузариши иқтисодиёт аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ ва таҳкими минбаъдаи иқтидори содиротии давлат заминаи асосӣ мегузорад. Тавре маълум аст, бо назардошти тақвияти иқтидори содиротии мамлакат соли 2023 содироти маҳсулоти соҳа ҳамагӣ 18,5 миллиард сомониро ташкил намуда, 19 дарсад коҳиш ёфт. Ҳол он ки ин нишондиҳанда соли 2022 22,8 миллиард сомониро ташкил намуда буд. Дар ин самт омили асосии коҳиш ёфтани нишондиҳандаи содирот – ин кам шудани ҳаҷми содироти хушкмева, металлҳои қиматбаҳо, маъданҳо, нахи пахта, истихроҷи ангишт ва алюминийи аввалия ба ҳисоб мераванд. Масалан, дар сохтори содиротии ҷумҳурӣ хушкмева то ҳол барои содирот ба хориҷи мамлакат яке аз соҳаи муҳимми рақобатпазир ва мусоидаткунанда ба ҳисоб рафта, бинобар сабаби номусоидии обу ҳавои соли гузашта содироти он дар қиёс ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфт.
Имрӯзҳо саноати ватанӣ ҳамчун неруи азими пешбаранда дар рушди иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дошта, бо рўйдоди муҳими таърихӣ дар ин самт ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузург барои рушди низоми инноватсионии саноати миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Инак, сиёсати созанда ва амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои ин соҳа боис гардид, ки ҷиҳати таъмини гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронида давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифтааст. Маҳз ин нишондиҳанда сабаб гардид, ки нисбат ба солҳои қаблии иқтидори саноатӣ ба андозаи беш аз 800 мегаватт талабот ба неруи барқ зиёд гардид.
Дарвоқеъ, таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат ва неру бахшидан ба тараққиёти соҳаи саноат, коркарди маҳсулоти он талаботи бозори дохилию берунӣ ба ҳисоб рафта, дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва саноатӣ иҷрои вазифаҳои хеле муҳимро тақозо менамояд. Бинобар ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла иброз намуданд, ки:
Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки афзоиши назарраси ҳаҷми коркард ва маҳсулоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногунсамтии истеҳсолот, ҷойгиркунонии самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмааҳои саноатиро таъмин намоянд;
Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бояд ба рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ба ин васила ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонону занон эътибори махсус диҳанд. Вобаста ба ин масъалаҳо Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки доир ба такмили низоми омода намудани мутахассисон барои бахши воқеии иқтисодиёт бо назардошти афзалияти соҳавӣ, таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд.
Бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ва тақсимоти дунё байни абарқудратҳо, рушди низоми саноату истеҳсолоти миллӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум кори саҳлу осон буда наметавонад. Ҳадафҳо ва афзалияти асосии мамлакат дар ин ҷода муайян буда, татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат бомаром идома дорад. Вобаста ба ин, захираю имконияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифату рақобатпазири саноатӣ, тақвияти иқтидори содиротии ҷумҳурӣ ва пайдо намудани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ бениҳоят зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, суханронии самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 дар роҳи созандагию бунёдкорӣ дар Ватан масъулияти ҳамагонро бештар ва ҳавасмандию фаъолияти муназзамро дар ин самт дучанд мегардонад. Аз ин рӯ, саноати ватанӣ яке аз соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, ҳамасола бо суръати кайҳонӣ рушд менамояд ва ҳамчун шоҳсутуни асосии иқтисоди миллӣ дониста мешавад.
Бинобар ин, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи тоҷикро муваззаф месозад, ки бо самимияти хосса ва беғаразона комёбиҳои беназири соҳибистиқлолии мамлакатро ҳифз намуда, беш аз пеш ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон итминони комил ҳосил намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»