Неругоҳи барқи обии «Себзор» баъди оғози кор 11 МВт қувваи барқ истеҳсол менамояд

Январь 15, 2024 11:11

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар иншооти муҳими энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ‐ Неругоҳи барқи обии «Себзор»  ҳоло такягоҳи се дастгоҳи тавлидкунандаи барқ пурра омода гардида, дигар корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.

Дар айни замон дар ҳамаи самтҳои сохтмони ин лоиҳа беш аз 300 нафар ба корҳои бунёдӣ машғул буда, шуруъ аз моҳи марти соли равон теъдоди сохтмончиён ба 500 нафар расонида мешавад.

Сарбанди неругоҳ бо  баландии  8,5 метр бунёд гардида, ҳоло корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 100 нафар дар ин самт идома доранд.

Тибқи лоиҳа, Неругоҳи барқи обии «Себзор» баъди оғози  кор 11 МВт қувваи барқ истеҳсол намуда, иқтидори истеҳсоли солонаи неруи барқ 77,6 МВт‐ро ташкил медиҳад.

Дар баробари сохтмони неругоҳ инчунин 4 км роҳи ҳудуди он мумфарш ва чароғон гардида, бунёди мактаби замонавии дуошёна, майдончаи варзишии замонавӣ ва пули мошингузар ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Январь 15, 2024 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд