ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар Тоҷикистон то 4 феврал ҳавои номусоид боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 31 январ то 3-4 феврали соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, ба истиснои қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар аксар ноҳияҳои мамлакат фаромадани туман пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 3-4 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо борону барф пешгӯӣ мешавад. Рӯзонаи 3 феврал ва шабонаи 4 феврал дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал меояд.
1-2 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ҳарорати шабонаи ҳаво паст шуда, то 15-20 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Бо сабаби паст шудани ҳарорати шабонаи ҳаво 1-4 феврал дар шоҳроҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ зуҳуроти яхбандӣ дар назар аст.
Шабонарӯзи наздик дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.
АКС: АМИТ «Ховар








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






