ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Лубнон бо либосҳои сафед ба майдон мебарояд

Январь 21, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» муқобили тими миллии Лубнонро бо либосҳои сафед анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Имрӯз дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади шаҳри Доҳа бо иштироки  намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё, кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 ва намояндагони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа дар қатори дигар масъалаҳо ранги либоси дастаҳо тасдиқ гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо либоси сафед ва тими миллии Лубнон бо либоси сурх ба майдон мебароянд.

Бозии даври сеюм байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон 22 январ дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Доҳа баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:00 бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 21, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад