ҶОМИ ОСИЁ-2023. Гурӯҳи ҳакамон аз Ҷопон бозии Тоҷикистон ва Қатарро доварӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Номи ҳакамоне, ки бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дар чаҳоргонаи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қатарро доварӣ менамоянд, маълум шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозиро ҳайати доварон аз Ҷопон ҳакамӣ менамояд. Довари марказии рақобат довари ФИФА Ҳироюки Кимураи 41-сола таъйин шуд. Ёварони довари ФИФА Джун Михара ва Такуми Такаги ба ӯ кумак менамояд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари ФИФА Йошими Ямашита вогузор шудааст. Дар VAR Иида Юмпей кор намуда, ёвари VAR Юсуке Араки мебошад.
Бояд гуфт, ки бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қатар 17 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Давҳа баргузор шуда, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (19:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






