ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Қатар баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Давҳа дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қатар баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозӣ соати 19:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо либосҳои сафед ва тими Қатар бо либосҳои қирмизӣ бозӣ менамоянд.
Имрӯз инчунин дар даври дуюм дар гурӯҳи чаҳоргонаи «А» бозии дастаи мунтахаби Чин бо дастаи Лубнон доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А», ки дар Қатар идома дорад, дар бозии аввал бо дастаи мунтахаби Чин мусовӣ бозӣ намуд.
Бозӣ ин дастаҳои мунтахаб 13 январ дар варзишгоҳи «Абулло бин Халифа»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфт.
Дастаи мунтахаби Қатар дар даври аввал бо ҳисоби 3:0 дастаи мунтахаби Лубнонро шикаст дода буд.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби яккачини Лубнон рақобат менамояд.
Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






