ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Лубнон бозӣ менамояд

Январь 22, 2024 09:38

ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бозии сеюми худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо Лубнон анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Давҳа баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо либоси сафед ва Лубнон бо либоси сурх ба майдон мебароянд.

Доварон аз Ироқ бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Лубнонро ҳакамӣ менамоянд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 22, 2024 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид