ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал, ки аз 17 то 28 апрел дар Таиланд баргузор мешавад, бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон бозӣ менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтан дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Эрон, Кувайт, Баҳрайн ё Афғонистон бозӣ менамояд.
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои дастаи миллии Узбекистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар се шаҳри Узбекистон – Тошканд ва Андиҷон ва Бухор доир мегардад, роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






