ҶОМИ ОСИЁ-2024. Замони баргузории бозии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон маълум шуд

Январь 16, 2024 10:33

ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал, ки аз 17 то 28 апрели соли 2024 дар шаҳри Таиланд баргузор мешавад, бо дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон бозӣ менамояд.

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд.

Дар натиҷаи ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтан дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Эрон, Кувайт, Баҳрайн ё Афғонистон бозӣ менамояд.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои дастаи мунтахаби Узбекистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябри соли 2024 дар се шаҳри Узбекистон – Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳ меёбанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 16, 2024 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд