Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сарчашмаи ташаккул ва рушди соҳаи хизмати давлатӣ мебошанд

Январь 13, 2024 08:42

ДУШАНБЕ, 13.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки ҳамасола дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат пешниҳод мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таҳлилӣ-сиёсӣ, роҳнамо ва дурнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати тақвияти фаъолият, таъмини пешрафт, рафъи камбудиҳои мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои пешгузошта, шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ ва рушди тамоми соҳаҳои давлатӣ заминаи устувор мегузорад.

Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гирифта, аз рӯи  салоҳият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян менамоянд ва мутобиқи моддаи 70-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент дар доираи салоҳият  фармон мебароранд ва амр медиҳанд, дар бораи вазъи ҷумҳурӣ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳанд ва масъалаҳоеро, ки зарур мешуморанд, дар муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамоянд. Ҳамин тавр, Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ пояи қонунӣ ва ҳуқуқӣ дошта, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва аз вазифа, ҳуқуқ, салоҳияти конститутсионии Сарвари давлат тибқи қонуни асосии мамлакат сарчашма мегирад.

Ҳар Паёми солона тибқи вазифа, мақсаду маром ва хусусияти хос марбут ба марҳилаи муайяни инкишофи мамлакат буда, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххаси ояндаи наздик, миёнамуҳлат, инчунин имконияти рушди устувору бонизоми давлату ҷомеаи алоҳида ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар появу заминаҳои асосноки илмӣ ҷой дода мешаванд.  Дар паёмҳои ҳамасола ҷамъбасти  ин барномаҳо ва натиҷаҳои бадастомада иброз гардида, баҳодиҳии айниву зеҳнии татбиқи нақшаҳои пешин бо муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушд ифода мегарданд.

Чун анъана Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса дошта, дар доираҳои сиёсӣ онро ҳамчун заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ташаккули стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд. Ҳамзамон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти як ҳуҷҷати сиёсиро доро  аст, ки ба воситаи он мавқеи Сарвари давлат оид ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷомеа муаррифӣ мешавад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати муосири давлат хеле бузург аст.

Аҳамияти дигари Паёми солонаи Президент аз он иборат аст, ки дар ин ҳуҷҷат  нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт мегарданд; самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян мешаванд; идомаи мантиқии сиёсати давлат инъикос мегардад; самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян  мешаванд.

Дар робита ба муҳимияти ин масъалаҳо бояд гӯем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён доштанд, ки дар баробари комёбиҳо имрӯз мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин вазифаҳо барои ҳалли онҳо муайян ва мушаххас шуданд.

Дар ин раванд таъкид намуданд, ки бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, қабл аз ҳама, вазифаи ҷонии ҳар роҳбар – аъзои Ҳукумат, Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё, фаъолон ва тамоми мардуми шарифи мамлакат мебошад.

Имрӯз дар мақоми идоракунии давлатӣ дар заминаи шароити фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматчиёни давлатӣ фаъолият менамоянд.

Бояд иброз намоем, ки бо мақсади ба сатҳи баланди касбӣ расидани соҳаи хизмати давлатӣ, ташаккули низоми идоракунӣ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, тарбияи мутахассисони касбии соҳа, интихоб ва ҷобаҷогузории онҳо ва риояи қатъии талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ, таҳия ва қабули барномаҳои давлатӣ доир ба рушди идоракунии давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ пайваста зимни пешниҳоди паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида, дар заминаи дастуру супоришҳои мушаххас заминаи ҳуқуқии дастгоҳи давлатӣ, идоракунии хизмати давлатӣ, принсипҳои демократикунонии хизмати давлатӣ, фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, ҷалб намудани кадрҳои баландихтисосу лаёқатманд ба хизмати давлатӣ ва вазъи ҳуқуқии хизматчии давлатӣ муайян шуда, соҳаи хизмати давлатӣ шакли муосирро касб намуд.

Дар шинохти хизмати давлатии муосири Тоҷикистон нақши давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург буда, ҳанӯз 22 апрели соли 2002 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ташкили соҳа ва нақши мақоми ваколатдори онро дар идоракунии давлатӣ ва  танзими сохтори идораи давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон хизматчиёни давлатиро ҳамчун неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ эътироф намуда, нақши онҳоро дар нишон додани интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона воло баҳогузорӣ намуданд.

Хизмати давлатӣ ҳамчун институти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва маъмурӣ чун ҷузъи асосии идоракунии давлатӣ комилан ташаккул ёфта, ислоҳоти марҳилавии соҳавӣ барои омодасозии кадрҳои сифатан ҷавобгӯ ба талаботи низоми идоракунии давлатӣ мусоидат  менамояд.

Рушди соҳаи хизмати давлатӣ, мукаммалгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи муваффақонаи ислоҳот боиси ташкили  хизмати давлатии муосири касбӣ дар Тоҷикистон гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо назардошти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва қабули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, хизмати давлатӣ ҳамчун шакли фаъолият ва рукни асосии идоракунии давлатӣ мавқеи сазовор пайдо намуд.

Бо гузашти солҳо, бо ворид намудани ислоҳоти муайян дар соҳаи хизмати давлатӣ, муайян гардидани ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ва пеша намудани иқдоми гузариш ба самти фаъолияти рақамикунонии соҳаҳо зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати аҳамияти аввалиндараҷа доштани сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат таъкид намуданд.

Масъалаи рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими неруи институтсионалии ҷумҳурӣ дар ҳуҷҷати муҳими дурнамои мамлакат- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 низ пурра тавзеҳ дода шуда, бо муайян намудани ҳадаф, мушкилот, роҳҳои такмил ва натиҷаҳои чашмдошт масъалаи марбут ба рушди сармояи инсонӣ, омодасозӣ ва хостагирии кадрҳо дар низоми идоракунии давлатӣ ҳамчун омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳо давлатӣ арзёбӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву соҳибихтиёр будани давлат, устувории пояҳои ҳокимияти конститутсионӣ ва меъёри ҳуқуқии муайяннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробари иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хизмати давлатӣ кафолат додааст.

Бо назардошти муҳимияти омодабошии кадрҳо дар низоми идоракунии давлатӣ, иҷрои босифати рисолат ва уҳдадориҳои мансабӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таъкид намуданд, ки сатҳу сифати идоракунии давлатӣ ба донишу таҷриба, маҳорату малака, масъулиятшиносиву ташаббускорӣ ва сифатҳои касбиву кордонии хизматчиёни давлатӣ вобаста аст. Хизмати давлатӣ асоси сиёсати давлатии кадрҳо буда, қабл аз ҳама, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ нигаронида шудааст.

Вобаста ба ин дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза тарбияи кадрҳои арзанда ва мувофиқ ба соҳаи хизмати давлатӣ ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ ҳамчун самти афзалиятнок маҳсуб гардида, таҳия намудани барномаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноки нигоҳдории кадрҳои соҳибихтисос дар хизмати давлатӣ; такмил додани механизмҳои зиёд намудани шумораи занон дар мансабҳои роҳбарӣ дар сатҳи гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ; татбиқи мунтазами сиёсати кадрӣ, ташкили низоми самараноки таълим, бозомӯзии кадрҳои роҳбарикунанда ва ташаккули иқтидори кадрӣ ҳамчун захираи муҳимтарини зеҳнию касбӣ ва рушди модели хизмати давлатӣ дар асоси қобилият бо назардошти таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои ҷаҳон нақшаҳои дурнамо дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ  муайян шуданд.

Маҳз бо назардошти муҳимияти соҳаи хизмати давлатӣ ва фаъолияти хизматчиёни давлатӣ дар заминаи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар идомаи ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми ҷумҳурӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд. Ҳамзамон бо ин, аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Бо мақсади амалӣ намудани ин иқдом 9 январи соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо» ба имзо расид.

Тибқи фармон, маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид.

Вобаста ба ин аз 1 июли соли 2024 андозаи маоши заминавии хизматчиёни маъмурии хизмати давлатӣ барои мансабҳои категорияи олӣ 1120 сомонӣ, барои мансабҳои категорияҳои якум, дуюм, сеюм, чорум 1045 сомонӣ ва барои мансабҳои категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтум 1160 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар заминаи чунин ғамхорӣ ва амалӣ намудани кафолати иҷтимоӣ ва ҳавасмандӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҷиҳати босифат, самаранок ва мутобиқи талаботи замони муосир фаъолият намудан ва иҷрои дастуру супоришҳои аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароянда  дучанд масъул гардида, бояд бо риояи принсипҳои хизмати давлатӣ дар фаъолияти ҳамарӯза бо таҳаммулпазирӣ, поквиҷдониву беғаразӣ, қатъият, касбияту салоҳиятнокӣ бо иродаи матину мавқеи устувор ва бо садоқат ба Ватану халқи Тоҷикистон дар адои муваффақонаи вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва уҳдадориҳои мансабӣ фаъолият намоянд.

Дилноза АҲМАДЗОДА,
 муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 13, 2024 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд