ПЕШГИРӢ АЗ ҶИНОЯТҲОИ КИБЕРӢ. Таъмини амнияти миллӣ дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сулҳу субот, ваҳдат ва амнияти миллӣ неъмати бузург ва шарти аввалиндараҷаи зиндагии ҳар инсон ва пойдории ҳар давлат ба ҳисоб меравад. Зеро зиндагии осуда, созандагиву ободӣ, умуман амалӣ шудани ҳама ҳадафҳои нек ба ҳамин неъмат, яъне таъмини амнияти миллӣ вобастагии ногусастанӣ дорад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамеша таъкид намуданд, ки «вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии ҷумҳуриамон тадбирҳои иловагӣ андешем».
Чунин хатарҳои муосир имрӯзҳо ба амнияти миллии Тоҷикистон дар умум ва амнияти давлатӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, озуқаворӣ, ҳарбӣ, экологӣ, иттилоотӣ ва ғайра дар алоҳидагӣ таҳдид менамоянд. Яъне, маҷмуи шароит, раванд ва омилҳое, аз қабили терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, ки барои амалишавии манфиатҳои миллӣ монеа мешаванд ё барои онҳо хатар ба вуҷуд меоранд, мушоҳида мегарданд. Ҳамин тавр, амнияти давлат ва шаҳрвандони он яке аз афзалияти асосӣ, яъне меҳварӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои гуногуни таъмини амнияти миллӣ матраҳ гардиданд.
Муқовимат ба терроризму экстремизм
Бояд гуфт, ки раванди ҷалби шаҳрвандони камтаҷрибаву ноогоҳ, дорои сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ дар сафи (қатори) гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои давлат нигаронкунанда мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳо ва ташкилоти террористиву экстремистии «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тайиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Гурӯҳи 24», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан Нусра», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Паймони миллии Тоҷикистон ва «Памир дейли нюс» («Pamir Daily News») манъ шудаанд.
Имрӯзҳо аксарияти онҳо фаъолияти худро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ошкоро ва дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври пинҳонӣ давом медиҳанд, ки хавфи ҷалби шаҳрвандон, бахусус шахсони камтаҷрибаву ноогоҳ дар сафи ин гурӯҳҳо ва ташкилот баланд боқӣ мемонад. Ғояҳои ин ташкилот комилан бар хилофи муқаррароти моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлати соҳибистиқлолу мустақили Тоҷикистон хавфи ҷиддӣ дорад.
Имрӯз ҳам таҳдидҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ проблемаи мубрам боқӣ мондааст ва ин зиракӣ, андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва омӯзиши сарчашмаҳои пайдоиши ғояҳои ифротгароиро барои саодати миллионҳо нафар тақозо менамояд. Дар баробари ин ҳифзи ҳуқуқи инсон яке аз вазифаҳои муҳими мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳарчанд решаҳои зуҳуроти зуҳури экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм ба таърихи дароз бармегардад, аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба суботу рушди ҷомеа мисли имрӯз таҳдид накардаанд. Зеро ҳоло экстремизм ва терроризм хусусияти умумиҷаҳонӣ (байналмилалӣ) дошта, барои тамоми мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон хатари баробар доранд. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва муқовимат ба он ба масъалаи ояндаи башарият табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаву муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хос ва пешсаф дошта, дар сатҳи универсалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ якчанд санади байналмилалиро эътироф намудааст ва бо давлатҳои алоҳида шартномаву созишномаҳои дуҷониба бастааст. Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муассир дошта, яке аз омилҳои калидии муқовимат ба терроризму экстремизм ва умуман ҷинояткорӣ мебошад. Инро ба назар гирифта, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.
Таъмини амнияти киберӣ
Дар ҷаҳони имрӯза таҳдидҳои киберӣ торафт муҳимтар мегарданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аҳамияти таҳкими амнияти киберии мамлакат, дастрасии технологияҳои навро барои муҳофизат аз ҳамлаҳои киберӣ ва тақвияти чораҳои мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ таъкид намуданд. Бешубҳа, ҷиноятҳои киберӣ ба амнияти миллии аксари мамлакатҳо хатари ҷиддӣ эҷод намудаанд. Бо рушди технологияҳои иттилоотӣ ва интернет, таҳдидҳои киберӣ мураккабтар, гуногунтар ва маъмултар шуданд. Баъзе ҷанбаҳоро мисол овардан мумкин аст, ки ҷиноятҳои киберӣ метавонанд ба амнияти миллӣ таҳдид намоянд:
а) таъсир ба амнияти равонии шахс. Амнияти равонӣ чунин маъно дорад, ки овоза, дурӯғ, сухани даҳшатовар, ақидаҳои иртиҷоӣ, бегонапарастӣ набояд дар майнаи (мағзи сар) шахс паҳн шаванду ҷой гиранд. Дар фазои маҷозӣ ҳар рӯз як бор, гоҳе ҳар чанд соат як овоза, дурӯғ, туҳмат, иғво ва ҳарфе аз ҷониби як нафари шинос ё ношинос, террористу экстремист нашр мешавад, мардумро нигарон менамояд, зеҳни мардумро хароб ва тафаккури баъзе нафаронро дигар месозад, ки сабаби пайдоиши ноамнии ақлонӣ (равонӣ) дар ҷомеа мегардад. Ҷиноятҳои иттилоотӣ, махсусан киберҷиноятҳо дар самти амнияти давлатӣ солҳои охир рӯ ба инкишоф доранд. Пешгирии онҳо дониши махсус ва чораҳои фаврӣ талаб менамояд. Дар бистсолаҳои охир рушди технологияҳои нави коммуникатсионӣ дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст (ҳам мусбат ва ҳам манфӣ) ва таъсири он рӯз то рӯз меафзояд. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоии виртуалӣ дар айни замон ҳамчун пояи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ташаккули ин раванди нав ва пайдоиши фазои нави иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ нақши муҳим доранд. Масъалаи нақши фазои маҷозӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ) дар таҳдиди амнияти давлатӣ мояи нигаронии ҷиддии аксари мамлакатҳо, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст. Шабакаҳои иҷтимоии маҷозӣ (facebook, Ok, YouTube, Telegramm, WhatsApp ва дигарҳо) шабеҳи шамшери дудама (дутарафа) ҳастанд, ки метавонанд дар фазои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила амалҳои мусбат ва манфӣ эҷод намоянд.
Тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалби ҷавонон ба сафи ташкилоти байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилот тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон омили асосии таҳдид ба амнияти давлатӣ мебошад.
б) зарари иқтисодӣ — киберҷинояткорон аксар вақт ҳамлаҳои худро ба системаҳои молиявӣ, ширкатҳо ва бонкҳо равона менамоянд. Дуздии маълумоти молиявӣ, амалиёти қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ метавонад боиси талафоти ҷиддии иқтисодӣ гардад ва ба суботи мамлакат таъсир расонад;
в) ҳамлаҳо ба объектҳои стратегӣ — объектҳои муҳимми стратегӣ, аз қабили системаҳои энергетикӣ, шабакаҳои нақлиётӣ ва инфрасохтори коммуникатсионӣ метавонанд дар натиҷаи ҳамлаҳои киберӣ зери хатар қарор гиранд. Ҳамла ба ин системаҳо метавонад боиси ба муҳлати дароз аз кор мондан, садамаҳои ҷиддӣ гардад ва ба ҳаёти шаҳрвандон таъсир расонад;
г) ҷосусии киберӣ — давлатҳо метавонанд ҷиноятҳои кибериро барои ҷамъоварии иттилооти иктишофӣ истифода баранд. Ҷосусии киберӣ метавонад ба ҳадафҳои низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ равона шавад ва амнияту соҳибихтиёрии давлатро халалдор намояд.
д) кибертерроризм — киберҷинояткорон метавонанд бо истифода аз технология барои ҳамоҳангсозии ҳамлаҳои террористӣ, паҳн намудани таблиғот ё ҳамла ба инфрасохтори муҳим бо созмонҳои террористӣ робита дошта бошанд.
е) ҳамлаҳои киберӣ ба системаҳои низомӣ — ҳамлаҳои киберӣ ба шабакаҳои низомӣ ва таҷҳизот метавонанд қобилияти мудофиавии мамлакатро, аз ҷумла коҳиш додани имконияти алоқа, дахолат ба системаҳои идоракунӣ ва назоратро халалдор созанд ва ҳатто қобилияти кории техникаи низомиро вайрон намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт таъкид намуданд, ки «…барои таъмин намудани амнияти мудофиавии ҷумҳуриамон бояд тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода сохтани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд».
Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, ҳоло дар Тоҷикистон 8,3 миллион муштарии алоқаи мобилӣ фаъолият доранд, ки тақрибан 5,6 миллион нафари онҳо фаъол ҳисобида мешаванд. Шумораи умумии истифодабарандагони интернет (ва мобилӣ ва кабелӣ) 4,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин омор аз он шаҳодат медиҳад, ки имконияти содиршавии киберҷиноятҳо тавассути шабакаи Интернет рӯ ба афзоиш дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат намуда, таъкид намуданд, ки «… ҳамаи шуморо даъват менамоям, ки биёед, минбаъд низ якҷоя фаъолият намуда, мамлакати худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем ва обрӯи Ватани азизи худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем». Таъкиди Сарвари давлат маънои онро дорад, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сари вақт бо назардошти рушди босуръати муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ қонунҳои дахлдор қабул намоянд, ки бо манфиатҳои миллии Тоҷикистон тавъам бошанд.
Таъмини амнияти мудофиавии мамлакат
Таъмин намудани амнияти мудофиавии мамлакат – қисмати асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ташкил медиҳад. Таъмини амнияти мудофиавии мамлакат на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи конститутсионии ҳар шаҳрванди масъулиятшинос, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу худшинос мебошад. Зеро, дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита муқаррар гардидааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Бинобар ин, аз мо, ҳамчун ҷавонони шарифу хештаншинос талаб мешавад, ки дар иҷрои ин вазифа масъулиятшинос ва баҳри ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он доимо ҳамчун сипари боэътимоди Ватан омода бошем.
Таҳлили нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» гувоҳи он аст, ки таъмини амнияти миллӣ доимо дар меҳвари асосии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Моро зарур аст, ки ин сиёсати пешгирифтаро дастгирӣ намуда, дар ҳифз ва таъмини манфиатҳои миллӣ, бахусус таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва суботи сиёсӣ дар мамлакат, рушду устувории иқтисодиёти ҷумҳурӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият, тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди он, фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо, иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар асоси принсипи ҳамшарикӣ саҳм гузорем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дуруст таъкид намуданд, ки «ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди ҷумҳурии соҳибихтиёрамон равона созем».
Мо бояд ба он эътимоде, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шариф, соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанги тоҷик доранд, ҳамеша содиқ бошем.
Некруз ҚУДРАТОВ,
сардори Раёсати илм ва иноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»