Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал-Ғоним мулоқот намуданд

Январь 21, 2024 13:35

ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал- Ғоним мулоқот намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз меҳмоннавозии самимонаи дӯстони қатарӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дидору гуфтугӯи имрӯзаро идомаи мантиқии муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд арзёбӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии ду давлатро муҳокима намуда, нақши парлумонҳо ва Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар самти фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии муносиботи байнидавлатӣ дар ҳавзаҳои мухталиф муҳим арзёбӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҳамчунин дигар ҷанбаҳои ҳамкории байни давлатҳо, тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду мамлакат, ҷалби сармояи қатарӣ ва иштироки ширкатҳои давлативу хусусии Қатар дар тавсеаи ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

Масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар арсаҳои гуманитариву фарҳангӣ низ мавриди муҳокима қарор доштанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал- Ғоним 21.01.2024

Январь 21, 2024 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд