Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Хонаи навовариҳои технологии Эрон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 09.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Хонаи навовариҳои технологии Эрон дар шаҳри Теҳрон шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки Хонаи навовариҳои технологии Эрон марказе аст, ки дар он навтарин дастоварду ихтирооти илмӣ ва нанотехнологии Эрон дар соҳаҳои гуногуни саноат, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, таҷҳизоти тиббӣ, вояҳои чорво ва паранда, доруҳои растанӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шудааст.
Таъкид гардид, ки ин ниҳод таҳти сарпарастии ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён фаъолият менамояд.
Хонаи навовариҳои технологии Эрон бо мақсади васеъ намудани содироти маҳсулоти илмӣ ва рушди ҳамкории муштараки илмию техникии байни Эрон ва кишварҳои хориҷӣ бо ниҳодҳои давлативу илмии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.
Дар ҳамин ҷо бо мақсади рушди ҳамкории илмию техникӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ва пешбурди муносибатҳо дар соҳаи технологияҳо ва иқтисодиёти ба дониш асосёфта маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Маркази инноватсионию технологии Тоҷикистон ва Эрон доир гардид.
Ба Ёддошти тафоҳум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён Руҳулло Деҳқонии Фирӯзободӣ имзо гузоштанд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






