Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур доданд, ки Маркази ихтироъкорони ҷавон таъсис дода шавад
ДУШАНБЕ, 12.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ояндаи наздик барои ҷавонони лаёқатманди ихтироъкор ва навовар Маркази ихтироъкорони ҷавон ба истифода дода мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Чунин дастур зимни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз ҷониби Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дода шуд.
Ҳадаф аз ташкили марказ муттаҳид намудани ҷавонони болаёқат ва дастгирии онҳо барои ихтироъкорияшон дар самтҳои гуногун мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки ин тадбир бо мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 дар бораи эълон намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) амалӣ мешавад.
Дар доираи эълони ин солҳо ҳамзамон дар пойтахт давоми чанд соли охир озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд. Яке аз онҳо Озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» мебошад. Иштирокчиёни озмун дар ду шарт (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи номинатсияҳои барномасозӣ, меъморӣ, моделсозӣ, радиоэлектроника, робототехника, сайёҳӣ-кишваршиносӣ ва табиатшиносӣ маҳорат меозмоянд.
Инчунин дар пойтахт Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф гузаронида шуда, мақсад аз он дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонон мебошад.
Ҳадафи асосии озмунҳо баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд






