Рушди ҳамкории кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд баррасӣ гардид

Январь 15, 2024 14:42

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти Сафири  Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов дар Тошканд баррасӣ  гардид, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаро дар бахши кооператсияи саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон муҳокима намуданд.

Ҳамзамон мусоҳибон оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои боғпарварӣ, пиллапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва омода  намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи кишоварзӣ табодули назар намуданд.

 АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Январь 15, 2024 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳии Лубнон мулоқот намуд
Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Лубнон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Масъалаи таъсиси намояндагии доимии ЮНЕСКО дар Душанбе баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор гардид