Сафири Тоҷикистон таҳкиму густариши робитаҳо бо минтақаҳои шимоли Олмонро баррасӣ намуд

Январь 23, 2024 10:51

ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳо бо минтақаҳои шимоли Олмон Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ба музофоти федеролии Шлезвиг-Ҳолштайн сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имомуддин Сатторов дар пойтахти Шлезвиг-Ҳолштайн- шаҳри бандарии Кил бо Сарвазири ин устони федеролӣ Даниел Гюнтер мулоқот анҷом дод.

Тақвияти равобити минбаъда байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Шлезвиг-Ҳолштайн, бахусус дар бахшҳои иқтисод, манбаъҳои неруи таҷдидпазир, илму маориф, фарҳанг ва муҳоҷират мавриди баррасии тарафҳо қарор доштанд.

Дар вохӯрӣ бо ноиби Президенти Донишгоҳи Кил ба номи Кристиан Албрехтс Ралф Шнайдер ба барқарорсозии робитаҳои байнидонишгоҳӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаҳои обу ҳифзи пиряхҳо, ҳамчунин табодули донишҷӯён тамаркуз дода шуд.

Сафир ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар соҳаҳои ҷуғрофия ва геология дар ин боргоҳи илм таҳсил менамоянд, суҳбат намуд. Аз донишҷӯён даъват шуд, ки ба омӯзиши амиқи илму донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ диққати бештар диҳанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 23, 2024 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд