Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати энергетикии «Небрас» Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ мулоқот намуданд

Январь 21, 2024 19:24

ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати энергетикии «Небрас» Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ мулоқот намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти мазкурро барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни давлатҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия мебошад. Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди иқтисоди «сабз» «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023 – 2037»-ро қабул намудааст.

Дар Тоҷикистон ба мақсади истеҳсоли неруи барқ аз дигар сарчашмаҳои барқароршаванда, ба монанди манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Аз ҷониби Давлати Қатар даъват ба амал оварда шуд, ки имконияти сармоягузорӣ дар ин соҳаҳоро омӯхта, дар татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятнок ба манфиати ду ҷониб ва ҷиҳати густариши ҳамкорӣ байни давлатҳо саҳми босазо гузорад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуоти мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ намуданд.

Мулоқот бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати энергетикии “Небрас” Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ 21.01.2024

Январь 21, 2024 19:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»