Сергей Лебедев ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар интихоботи Беларус роҳбарӣ менамояд
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев дар интихоботи парлумонии моҳи феврал ҳайати нозирони иттиҳодро дар интихоботи Беларус роҳбарӣ менамояд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
«Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар интихоботи Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев раҳбарӣ менамояд. Номзадии ӯ бо қарори Шурои намояндагони доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод мувофиқа шудааст», — омадааст дар хабар.
Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, ки ҳайати нозирони иттиҳод бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии Беларус ҷараёни маъракаи интихоботиро назорат менамояд.
Дар ҷараёни аввалин рӯзи ягонаи овоздиҳӣ дар таърихи Беларус, ки 25 феврали соли 2024 баргузор мешавад, 110 вакили Палатаи намояндагон (палатаи поёнӣ)-и Маҷлиси миллӣ ва 12 514 вакили шуроҳои маҳаллӣ интихоб мешаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз









 
						
 Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд 
									 
									 
									 
									 
									





