«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар доираи ин иқдом аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе 2 000 арча шинониданд

Январь 27, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо ҷалби аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ, оромгоҳи «Лучоб»-и ноҳияи Сино, маҳаллаи «Сариосиё»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи «Бедил»-и ноҳияи Шоҳмансур беш аз 2000 арчаи ҳамешасабз шинониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар баробари шинонидани арча ва дарахтони ҳамешасабз ҳизбиёни пойтахт атрофи шаҳраку маҳалла ва ҳудуди майдончаҳои варзиширо аз ҳар гуна партов ва хазонбаргҳо тоза намуданд.

Ҳамзамон онҳо бо истифода аз фурсати муносиб атрофи дарахтонро нарм намуда, гулҳои ороишӣ шинониданд.

Бояд гуфт, ки чунин ҳашарҳо аз ҷониби аъзои кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди вазорату идораҳо ва сохторҳои давлатӣ низ гузаронида шуданд.

Мақсад аз ин гуна иқдоми ҳизбиён — пайравӣ ба ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муроҷиатномаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «Шаҳри гулрез» табдил додани шаҳри Душанбе ва тозаву озода намудани кӯчаву маҳаллаҳо, ободу зебо ва озода гардонидани пойтахт мебошад.

«Тозагиву ободонӣ рисолати мардуми сарбаланди мо буда, дар гузашта он яке аз рукнҳои муҳими анъанаҳои миллии мо маҳсуб мешуд ва дар замири кӯдакону наврасон ҳисси зебоипарастиро талқину ташвиқ менамуд. Истифодаи дуруст ва самараноки майдончаҳои варзишӣ низ ғамхорӣ ба ояндаи кӯдакону наврасон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад», — тазаккур доданд дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдом дар ҳошияи ҳашари тозаву озодагардонӣ ва сарсабзу хуррамгардонии умумишаҳрии ҳизбиёни пойтахт таҳти шиори «Шаҳри ман – хонаи ман» то ҷашни 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Январь 27, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад