Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 31, 2024 15:51

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он барои қадршиносии 68 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо 1 462 500 (як миллиону чорсаду шасту ду ҳазору панҷсад) сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Ин қадршиносии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарони баору номуси Тоҷикистон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлати Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар ҷаҳони муосир варзиш ба василаи муҳимтарини таъмини сулҳ ва ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, тавассути он давлатҳо ва халқу миллатҳо мақом ва нуфузи байналмилалиашонро ҳифз намуда, аз ҳувияту шарафи худ дифоъ менамоянд.

Варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии фарҳанги миллии мо ба шумор рафта, ҳанӯз аз замонҳои қадим тоҷикон дорои намудҳои гуногуни бозиҳои миллии варзишӣ буданд ва ба он майлу рағбати беандоза доштанд.

Дар фарҳанги миллии мо варзиш рамзи ҷавонмардӣ ва шуҷоату далерӣ шинохта шуда, наврасону ҷавонон ба таври оммавӣ ба машқварзӣ ҷалб мешаванд.

Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ варзиш дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи шоиста касб намуда, ҷиҳати омода намудани варзишгарони касбӣ аз рӯйи ҳамаи намудҳои варзиш шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.

Бо назардошти ин, соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.

Дар заминаи шароити муҳаёшуда варзишгарони мамлакат тавониста истодаанд, ки мақом ва шарафи давлатамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз созанд ва онро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Ҳанӯз 9 январи соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба тасвиб расида буд, ки тибқи он соли ҳаштум аст ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо ин ҷоиза қадршиносӣ мегарданд.

Ин аст, ки соли 2023 1178 нафар варзишгар, аз ҷумла 210 бонуи узви дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ба 112 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ ҷалб гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии мамлакат 701 медал, аз ҷумла 203 тилло, 188 нуқра ва 310 биринҷӣ ворид намуданд.

Ҳадафи асосӣ аз амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи варзиш, пеш аз ҳама, тарбия намудани насли худшиносу худогоҳ, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб, аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ обутобёфта ва бо ҳамин роҳ ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи тавонои Тоҷикистон мебошад.

Январь 31, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд