Ширкати нейротехнологии Neuralink аввалин имплантро ба мағзи инсон ворид намуд

Январь 30, 2024 14:33

ДУШАНБЕ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати нейротехнологии соҳибкор Илон Маск Neuralink 28 январ маротибаи аввал имплантро ба майнаи инсон ворид намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии ТАСС.

«Аввалин шахс импланти Neuralink-ро қабул намуд ва барқароршавӣ пас аз ҷарроҳӣ хуб мегузарад», изҳор намудааст Маск дар X (қаблан Twitter). Ишора шудааст, ки тибқи маълумоти аввал, нишондиҳандаҳои кори дастгоҳ умедбахш ба назар мерасанд.

Инчунин соҳибкор илова намуд, ки аввалин маҳсулоти Neuralink Telepathy ном дорад. Он ба шахс имкон медиҳад, ки телефон ва компютерро бо қувваи фикр идора намояд. «Аввалин истифодабарандагон одамоне мешаванд, ки қобилияти назорати узвҳои худро аз даст додаанд», — иброз намуд Маск.

Стартапи Neuralink аз ҷониби Маск моҳи июли соли 2016 сохта шуда буд ва чипҳое таҳия менамояд, ки дар ниҳоят ба майнаи инсон ворид мешаванд. Соҳибкор боварӣ дорад, ки чунин интерфейсҳои нейронӣ имкон медиҳанд, то инсон ба киборг, ки қодир аст ба зеҳни сунъӣ муқовимат намояд, табдил ёбад. Он инчунин ба одамон кумак менамояд, ки бо истифода аз қувваи фикр мустақиман идора намудани компютерро омӯзанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 30, 2024 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад