СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сатҳи ҷинояткорӣ 38,3% коҳиш ёфтааст

Январь 8, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 08.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи умумии ҷиноятҳое, ки давоми соли 2023 дар миқёси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон содир ва сабт шудаанд, нисбат ба соли гузашта ба андозаи 38,3% коҳиш ёфтааст. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят дар соли 2023 иттилоъ дода шуд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки ин аввалин дастоварди ҳуқуқӣ дар оғози соли 2024 буда, аз солимии хонаводаҳо ва боло рафтани маърифати ҳуқуқии ҷомеа дарак медиҳад.

Фаъолияти мақомоти милитсияи вилоят бо назардошти таъмини суботи комили сиёсӣ ва фазои орому ҳамдигарфаҳмӣ доир ба решакан намудани ҷинояткорӣ дар Бадахшон таҳти шиори «Оилаи солим-ҷомеаи солим» ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сокинон равона шудааст. Дар натиҷаи ин милитсияи Бадахшон дар ҳамаи самтҳои хизматӣ тавонист ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Иттилоъ дода шуд, ки сифатнокӣ ва фоизи кушодашавии ҷиноятҳо дар вилоят нисбат ба соли 2022 беҳтар гардида, ба 91,4% расидааст. Яъне ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят барқарор гардида, барои таъмини адолати иҷтимоӣ ҳар содиркунандаи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб гардид.

Баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо ҷавонон, кормандони соҳаи маориф, табақаҳои осебпазири ҷомеа, баргузории санҷишу амалиёти профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ байни ноболиғону ҷавонон ба коҳиш ёфтани шумораи ҷинояткорӣ дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа, таъмини солимии хонаводаҳо ва пеш аз ҳама, боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон оварда расонид.

Ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ва боло бурдани эътимоду боварии мардум ба ин мақомот кормандони милитсияи Бадахшон уҳдадор гардиданд, ки дар муносибату муошират бо шаҳрвандон аз рӯи принсипҳои хушахлоқӣ, хушмуомилагӣ ва гуманистӣ фаъолият баранд.

Дар фарҷом дар робита ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ҷиҳати татбиқи он дар шашмоҳаи аввали соли 2024 нақшаи чорабиниҳои мушаххас қабул гардид.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Январь 8, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд