Тақрибан 180 ҳазор сар чорво дар Муғулистон аз норасоии хӯроки ҳайвонот ба ҳалокат расидааст

Январь 24, 2024 18:35

ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз дар Муғулистон тақрибан 180 ҳазор сар чорво дар натиҷаи норасоии хӯрок нобуд шудааст. Дар ин хусус рӯзи сешанбе сарвазир, раиси комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон Сайнбуянгийн Амарсайхон дар нишасти матбуотии расонаҳои маҳаллӣ изҳор дошт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа».

Тибқи маълумоти Институти обуҳавошиносӣ ва мониторинги муҳити зисти Муғулистон, ҳоло тақрибан 90% қаламрави мамлакат бо барф пӯшонида шудааст.

Муғулистон дорои қаламрави васеъ мебошад, ки дар он чорводории чарогоҳӣ рушд менамояд. Аммо соҳаи чорводории Муғулистон дар зимистон бо вазъияти шадиди обу ҳаво рӯ ба рӯ мешавад, ки  он норасоии хӯроки ҳайвонотро ба вуҷуд меорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 24, 2024 18:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад