ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 январ, якшанбе, 7-умин рӯзи соли 2024 аст

Январь 7, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1927 аввалин маротиба дар ҷаҳон алоқаи телефонии фароатлантӣ амалӣ шуда, Ню-Йоркро бо Лондон пайваст.

***

7 январи соли 1930 Қарори Шурои комиссарони халқии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ қабул гардид.

***

7 январи соли 1956 Индонезия дар бораи баромадан аз ҳайати Созмони Милали Муттаҳид хабар дод.

***

Соли 1993 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон муносиботи дипломатӣ барқарор шуданд.

***

22  сол пеш, 7 январи соли 2002 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Сенати Конгресси ИМА масъалаҳои ҳамгироии Тоҷикистон ва Амрико дар доираи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати мусоидат ба ташаккули Афғонистони осуда ва расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми он баррасӣ гардиданд.

***

9 сол пеш, 7 январи соли 2015 дар Париж дар идораи маҷаллаи ҳаҷвии «Шарли Эбдо» амали террористӣ ба амал омад ва дар натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ҷангиён 12 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар ҷароҳат бардошт.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баъди таъмир ва навсозӣ Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» расман ба истифода дода шуд.

***

7 январи соли 2016 Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол аввалин раддабандӣ — рейтинги дастаҳои миллиро нашр намуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон чун дар раддабандии моҳи декабри соли 2015 мақоми худро нигоҳ дошта, бо гирифтани 196 хол  зинаи 148-умро касб намуд.

***

Соли 2016 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-22) дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод – 2016  бо  чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон – дастаи Истиқлоли Душанбе бозӣ анҷом дод.

7 ЯНВАР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Дар Либерия – Рӯзи пешравон.

ДАР ИН РӮЗ  ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Муқаддас Набиева- соли 1950, овозхони тоҷик, ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон (1977)

Январь 7, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад