«ТАЛКО АРЕНА». Дар шаҳри Турсунзода корҳои таъмиру тармими ин варзишгоҳ идома доранд

Январь 10, 2024 18:05

ДУШАНБЕ, 10.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарпарасти кулли бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» — ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) тасмим гирифтааст, ки варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-ро пурра таъмир намояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба клуби футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Дар айни замон корҳои сохтмонии варзишгоҳи мазкур вусъат гирифта, тибқи нақша то оғози мавсими нави футбол утоқи либосивазкунии ҳайати асосӣ ва меҳмонон, ҳуҷраҳои корӣ, роҳравҳои дохил ва берун, нишастгоҳи асосӣ, утоқи либосивазкунии ҳайатҳои ҷавонон ва дигар қисмҳои варзишгоҳ мутобиқ ба шароити замон то моҳи апрели соли равон пурра таъмиру тармим мегарданд.

Қобили ёдоварӣ аст, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 байни чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва барандаи медали нуқраи Лигаи олӣ дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 11 майи соли равон дар варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

Майдони асосии даста бо рехтани рег ҳамвор шуд ва дар ҷойҳое, ки нашъунамои майса суст буд, сабзаи нав кишт ва бо риояи агротехникаи парвариши он сари вақт неруҳои минералӣ ва об дода мешавад. Роҳбарияти даста тасмим гирифтааст, ки баъд аз чанд муддат бекор мондани майдони эҳтиётии даста, ки қаблан макони асосии тамрин буд, онро барқарор намоянд. Аллакай майдон тахту ҳамвор шуда, дар он сабза (майса)-и нав кишт гардид.

Ҳамзамон бо ин ҳоло бо ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати насби нурафканҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва аз нав муҷаҳҳаз намудани таблои варзишгоҳ гуфтушунид идома дорад. Роҳбарияти даста ният дорад, ки инфрасохтори варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-ро ба яке аз муосиртарин муассисаҳои варзишӣ дар Тоҷикистон табдил диҳад.

Қатъи назар аз он ки имсол дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ҳадафҳои дар назди даста гузоштаро дар Лигаи олӣ иҷро карда натавонист, вале роҳбарияти бошгоҳ тасмим гирифтаанд, ки даста дар зудтарин фурсат ба Лигаи олӣ баргашта, баҳри барқарор намудани ҷойгоҳи аслиаш дар футболи тоҷик талош варзад. Аз ин рӯ аксари бозингарони ҳайати асосӣ дар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода нигоҳ дошта мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 10, 2024 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд