Теъдоди ҳалокшудагони ярч дар ҷанубу ғарби Чин ба 31 нафар расид
ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи ярчфароӣ, ки онҳоро наҷотдиҳанандагон дар вилояти Юннани ҷанубу ғарби Чин аз зери харобаҳо берун бароварданд, ба 31 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии «Синхуа» хабар додааст.
Қаблан дар бораи 20 ҳалокшуда хабар расида буд. Ҷустуҷӯи беш аз 10 нафари бедаракшуда идома дорад. Ба амалиёт ҳудуди 80 саги наҷотбахш ҷалб шудааст. Дар он зиёда аз ҳазор нафар одамон ва 150 техника — экскаватор, булдозер ва мошинҳои боркаш иштирок доранд.
Ҳодисаи изтирорӣ дар наздикии шаҳри Чжаотонг рӯзи душанбе, соати 05:51 ба вақти Пекин рух дод. Мақомот захираҳои чанд шуъбаи дахлдорро ба ҷустуҷӯ ва наҷоти бедаракшудагон равон намуданд. Аз минтақаи офати табиӣ 918 нафар тахлия шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






