Теъдоди бар асари ярч ҳалокшудагон дар Колумбия ба 33 нафар расид

Январь 15, 2024 15:08

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари ярч, ки рӯзи ҷумъа дар департаменти Чокои Колумбия ба амал омад, ба 33 нафар расид. Дар ин хусус ноиби президенти ҷумҳурӣ Франсиа Маркес хабар дод.

«Тибқи маълумоти охирин, 33 нафар ҳалок ва 19 нафар маҷруҳ шудаанд. Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар ин минтақа идома доранд»,- навиштааст ӯ дар X (собиқ Twitter).

Қаблан рӯзномаи El Tiempo дар хусуси 17 ҳалокшуда хабар дода буд.

Ярч дар роҳи байни шаҳрҳои Кибдо ва Меделйин ба амал омадааст, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар зери харобаҳо мондаанд. Хонае, ки дар дохилаш тақрибан 50 нафар буданд, фурӯ рафтааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 15, 2024 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст