Теъдоди бар асари заминларза ҳалокшудагон дар Ҷопон ба 24 нафар расид
ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи бар асари силсилаи заминларзаҳо дар Ҷопон ҳалокшудагон ба 24 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии Kyodo хабар додааст.
Қаблан дар бораи 13 ҳалокшуда иттилоъ расида буд. Пас аз он, ба гуфтаи мақомоти префектураи Исикава, боз ҳафт нафари дигар бар асари ҷароҳатҳои бардоштаашон дар бемористонҳо фавтидаанд.
Дар Исикава, ки ба маркази заминларзаҳои давомдор наздиктар аст, вазъият аз ҳама душвор мебошад. Дар он ҷо беш аз 200 хона ба коми оташ рафта, зиёда аз 50 бинои истиқоматӣ фурӯ рехтааст ва дар зери ин харобаҳо шояд боз одамон бошанд. Дар ин ҷо наҷотдиҳандагон ва оташнишонҳо фаъолият дошта, барои рафъи оқибатҳои фоҷеа ба минтақа воҳидҳои Қувваҳои мудофиаи Чопон равона шудаанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






