Теъдоди бар асари заминларза ҳалокшудагон дар Ҷопон ба 24 нафар расид

Январь 2, 2024 11:26

ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Шумораи бар асари силсилаи заминларзаҳо дар Ҷопон ҳалокшудагон ба 24 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии Kyodo хабар додааст.

Қаблан дар бораи 13 ҳалокшуда иттилоъ расида буд. Пас аз он, ба гуфтаи мақомоти префектураи Исикава, боз ҳафт нафари дигар бар асари ҷароҳатҳои бардоштаашон дар бемористонҳо фавтидаанд.

Дар Исикава, ки ба маркази заминларзаҳои давомдор наздиктар аст, вазъият аз ҳама душвор мебошад. Дар он ҷо беш аз 200 хона ба коми оташ рафта, зиёда аз 50 бинои истиқоматӣ фурӯ рехтааст ва дар зери ин харобаҳо шояд боз одамон бошанд. Дар ин ҷо наҷотдиҳандагон ва оташнишонҳо фаъолият дошта, барои рафъи оқибатҳои фоҷеа ба минтақа воҳидҳои Қувваҳои мудофиаи Чопон равона шудаанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 2, 2024 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид