ҶУДО. Тоҷикистонро дар мусобиқаи ҷаҳонии Гран-прии Португалия нуҳ паҳлавон муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 январ дар шаҳри Одивелас мусобиқаи ҷаҳонии Гран-прии Португалия оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои иштирок дар ин мусобиқа 641 варзишгар (356 мард, 285 зан) аз 90 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 9 варзишгар, аз ҷумла Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни то 60кг), Меҳрзод Суфиев (дар вазни то 60кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (дар вазни то 73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (дар вазни то 81кг), Умедҷон Раҷабов (дар вазни то 90кг), Комроншоҳ Устопириён (дар вазни то 90кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни то 100кг) ва Аҳлия Муминоваро (дар вазни то 52кг) ба Португалия равон менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибон 3000 евро, барандагони медали нуқра 2000 ва барандагони медали биринҷӣ 1000 евро супурда мешавад.
Ҳамчунин варзишгарон хол гирифта, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






