ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1195 то 0.1210 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 05.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.9637 сомонӣ;
1 евро – 12.0118 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1198 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.9800 то 11.0000 сомонӣ;
1 евро аз 12.0500 то 12.1000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1195 то 0.1210 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».