ҲУШДОР! Дар Тоҷикистон аз 12 то 16 январ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 12.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, аз 12 то 16 январ дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва роҳи мошингарди Душанбе-Чанок хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандлон бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо сафарашонро ба ин самт маҳдуд намоянд ва аз ҳар гуна сафарҳои бе зарурат худдорӣ варзанд.
Дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра маслиҳат дода намешавад.
Кумита аз ронандагоне, ки мехоҳанд ба ин самт ҳаракат намоянд, тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт намуда, ба ахбори Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ диққат диҳанд.
Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро бо ҳама абзори зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин сохта, ҳолати системаи гармидиҳандаро санҷанд ва баъд озими сафар шаванд.
Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш кумита аз ронандагон хоҳиш менамояд суръати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддӣ риоя намоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






