Ваксинаҳои COVID-19 дар Аврупо ҳаёти тақрибан 1,5 миллион нафарро наҷот доданд

Январь 17, 2024 18:24

ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) рӯзи сешанбе иттилоъ дод, ки ба воситаи  ваксинаҳои бехатар ва муассири COVID-19 дар Аврупо ҳаёти 1,4 миллион нафар наҷот ёфт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии иттилоотии «Казинформ» бо истинод ба Euronews хабар додааст.

Ваксинаҳо миқдори фавтро аз моҳи декабри соли 2020, вақте ки паҳншавии он оғоз ёфт, то моҳи марти соли 2023 57% коҳиш додаанд, гуфта шудааст дар гузориш.

Дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳор намуданд, ки агар таъсири ваксина намебуд, шумораи умумии фавтидагон дар минтақаи Аврупо, ки тахминан 2,5 миллион нафар аст, метавонист ба 4 миллион нафар расад.

Директори бюрои минтақавии созмон дар Аврупо доктор Ҳанс Клюге тавсия дод, ки одамони зери хатар қарордошта, бахусус пиронсолон ва онҳое, ки масунияти паст доранд, бояд пас аз 6-12 моҳ баъд аз вояи охирин ваксинаи пурқувват гиранд.

Таҳқиқот нишон дод, ки синни 96% одамоне, ки ҳаёташон тавассути ваксина наҷот ёфт, аз 60 боло будааст.

Дар ҳамин ҳол Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки дар Аврупо сатҳи баланди гирифторӣ ба зуком мушоҳида мешавад.

Шуъбаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ инчунин ҳушдор дод, ки вазъи COVID-19, гарчанде ки шумораи ҳодисаҳо коҳиш меёбад, метавонад дар минтақа тағйир ёбад, зеро паҳншавии шакли нав бо номи JN.1 дар байни шахсони бемор афзоиш меёбад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мухтор Холдорбеков/«Kazinform»

Январь 17, 2024 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад