Вилояти Суғд метавонад дар бунёди корхонаҳои коркарди пахта, мева ва сабзавот бо шарикони рушд ҳамкорӣ намояд
ДУШАНБЕ, 15.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имконияти истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёд буда, вилояти Суғд метавонад дар бунёди корхонаҳои нав, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди мева ва сабзавот, коркарди пашму пӯст, саноати дорусозӣ ва металлургия бо шарикони рушд ҳамкорӣ намояд. Дар ин хусус зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гурӯҳи соҳибкорон аз Федератсияи Русия, ки дар вилоят қарор доранд, иттилоъ дода шуд.
Дар мулоқот, ки бо иштироки намояндаи Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Бобоҷон Шарифов, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолиии Федератсияи Русия Шариф Абдуллоев, Алим Долаев, Владимир Маркин, Юрий Комаровский, Валерий Клупов доир шуд, масъалаи таҳкими ҳамкории иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва имконияти сармоягузорӣ маълумот дода шуд. Иброз гардид, ки дар вилояти Суғд 1100 корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 млрд 51,9 млн сомонӣ баробар гардид.
Дар вилояти Суғд бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ мавҷуд буда, танҳо соли 2023 ба иқтисодиёти вилоят 194,2 млн доллари ИМА сармояи ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, 124,2 млн доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст.
Таъкид шуд, ки доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо шарикон аз Федератсияи Русия ҳамкории мутақобилан судманд дошта, якчанд лоиҳаҳои муштарак амалӣ намуданд.
Меҳмонон ҳадафи сафарро шиносоӣ бо вазъи иқтисодиёти вилоят ва амалӣ намудани ҳамкорӣ арзёбӣ намуда, барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд






