Юрий Сёмин: «Ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаи муҳим бозингаронро руҳбаланд намуд, ба онҳо неруву талоши бештар бахшид»
ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ба даври ҳаштякниҳоӣ ва акнун ба даври навбатии чорякниҳоӣ роҳ ёфтани дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон сабаби таваҷҷуҳи ҷиддии коршиносони касбӣ, мутахассисони соҳа, журналистони расонаҳои варзишии минтақаву ҷаҳон, мураббиёни сатҳи гуногун нисбат ба футболи тоҷик ва бозигарони он гардид.
Собиқ мураббии дастаи мунтахаби футболи Русия, сармураббии дастаҳои футболи «Помир»-и Душанбе ва «Локомотив»-и шаҳри Москва Юрий Сёмин дар робита ба бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Осиё-2023 андешаҳои худро ба нашрияи «Фарғона» изҳор намуда, таъкид доштааст, ки «бозиҳои нахустини дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муваффақияти бузург аст. Дар гурӯҳ аз дастаи мунтахаби Чин болотар ҷой гирифтан кори саҳл нест. Дар айни замон дастаи мунтахаби Тоҷикистон вазифаи аввалини худ — нишон додани бозии сазоворро аллакай иҷро намуд. Бозингарон бо муҳити паҳновари мусобиқоти бузурги минтақавӣ шинос шуданд, онро аз худ намуданд ва таҷрибаи хуб гирифтанд».
Мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон Юрий Сёмин дар идомаи мусоҳиба бо сомонаи «Фарғона» гуфт, ки новобаста аз он ки дастаи футболи Тоҷикистон дар ин мусобиқа кадом ҷойро сазовор мегардад, бисёр мехостам, ки ин муваффақият охирин набошад: «Бояд ба рушди футболи кӯдакону наврасон ва ҷавонон таваҷҷуҳи беш аз пеш дода шавад».
Юрий Сёмин бо баҳогузорӣ ба фаъолияти сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикстон Петр Сегрт чунин гуфтааст: «Вазифаи мураббии дастаи мунтахаб ҷамъ овардани беҳтаринҳо дар даста мебошад. Ӯ бояд таконбахш ва равоншинос бошад. Бояд гуфт, ки Сегрт бо бозингарон хеле хуб кор бурд. Дар ҳар бозӣ метавон дид, ки чӣ тавр бозингарон бо тамоми нерӯ ва ҷидду ҷаҳди бепоён бозӣ менамоянд. Дар баробари ҳамин хизмати мураббиҳои дастаҳои футболи мамлакат низ кам нест. Аз ҷумла фаъолияти Игор Черевченко, ки сармураббии дастаи «Истиқлол» буд».
Юрий Сёмин таъкид намудааст, ки омили дигаре, ки ба бозингарон таъсири нек медиҳад, ин дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
«Ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаи муҳим — қабл аз бозӣ бо дастаи Лубнон бозингаронро руҳбаланд намуд, ба онҳо неруву талоши бештар бахшид. Ин низ кори кам нест», — гуфтааст Сёмин.
Хотирнишон месозем, ки дар бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври чорякниҳоӣ баромад. Дар вақти асосӣ бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи вақти изофӣ ҳисоб тағйир наёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра бозингарони тоҷик маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 5:3 ғолиб омаданд.
Баромадани дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз марҳалаи гурӯҳӣ ба марҳалаи чорякниҳоӣ дастоварди бузурги футболи тоҷик дар замони истиқлоли давлатӣ мебошад.
Мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон, собиқ сармураббии дастаи овозадори «Помир»-и Душанбе Юрий Сёмин дар доираҳои варзишгарони Тоҷикистон ва байни мухлисони футболи тоҷик обрӯву эътибори хосса дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад






